Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Муҷозот барои таълими ғайриқонунии динӣ сахттар мешавад

№126 (4388), 127-128 (4389-4390) 12.10.2021

DSC_0974Шашуми октябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мирзоев, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён ­Муҳаммаддовуд, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа даҳ масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Хоҳиш мекунам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мирзоев дода мешавад. Марҳамат.

 

Нусратулло МИРЗОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

 Хатари асосии таҳдид ба амнияти давлатӣ ва давлатдории дунявӣ зуҳуроти террорис­тӣ ва экстремистӣ аст. Асоси паҳншавии ин зуҳуроти хатарзо аз таълими ғайриқонунии динӣ сарчашма мегирад. Натиҷаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ собит намуд, ки 90 — 95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд.

Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Тамоюли ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ боқӣ мемонад.

Танҳо дар солҳои 2019-2020 ва 9 моҳи соли 2021-ум 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ карда шудааст. Нисбат ба 33 нафар падару модароне, ки фарзандонашонро барои гирифтани таълими ғайриқонунии динӣ сафарбар карда, барои рафтан ба мактаб монеа эҷод кардаанд, бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардиданд.

Аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғайриқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкардагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд.

Аз шумораи умумии таълимдиҳандагон 3 нафар аъзои ТБТ ва ТЭ, аз ҷумла «Ихвон-ул-муслимин» — 1, «Салафия» — 1 ва ТТЭ ҲНИ 1 нафар буданд.

Тамоюли хурофотӣ ва ғайриилмӣ гирифтани ҷаҳонбинии насли наврас, боис ба аз дастовардҳои илму техника, омӯзиши фанҳои дақиқ ва умуман, рушду тараққиёт қафо мондани ҷомеа дар шароити имрӯза ва ояндаи наздик мешавад.

Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъол гардидани таълими ғайриқонунии динӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Ташкилкунандагони сомонаҳо ба хотири зиёд намудани шумораи аъзо ва бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба чунин усул ба таълими ғайриқонунии динӣ машғул мегарданд. Бинобар берун аз назорат будани фазои таълими динӣ дар интернет, ба ин восита таълими мазҳабу равияҳои гуногуни барои муҳити динии Тоҷикис­тон ғайрианъанавӣ, аз ҷумла равияҳои салафия, низ таблиғ мешавад.

Бо дарназардошти вазъия­ти ба­амаломада пешниҳод гардид, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав — 3341 — «Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ» ворид гардад, ки ба чунин мазмун ифода меёбад: «Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад», — «бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда (баробар ба 48000 то 72000 сомонӣ) барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад».

Аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлуда Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлуда МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Таҳлилҳо гувоҳи он аст, ки яке аз омилҳои пайдошавии зуҳуроти номатлуби экстремистию террористӣ маҳз гирифтани таълими ғайриқонунии динӣ мебошад. Бинобар ин, мақсади асосии лоиҳаи қонун муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ буда, ҳадафи асосии он пешгирии ҷиноятҳои зикршуда аст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» тамоми расмиёти дохилиро тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуда, се таклиф пешниҳод намуданд, ки бо қабули ду таклиф ва таклифу пешниҳодҳои муовини якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода лоиҳа такмил дода шуд.

 Лоиҳаи қонун ба боби 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, вакилони арҷманд, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Вазъияти имрӯзаи Афғонис­тон ҳамаро нигарон кардааст. Яке аз сабаб­ҳои зиёдшавии теъдоди ифротгароён таълимоти ғайриқонунии динӣ мебошад. Масалан, имрӯз дар Покистон қариб 50 000 мактабу мадрасаҳо вуҷуд доранд, ки гӯё ба наврасону ҷавонон таълимоти ба ном динӣ медиҳанд, вале дар асл тибқи равияву ҷараёнҳои экстремистӣ, аз онҳо ифротӣ тайёр мекунанд. Бояд ба назар гирифт, ки дар аксар табаддулоти дар кишварҳои гуногун рухдиҳанда қисми бештари иштирокчиёнро ҷавонони 16 — 18- сола ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, зери ниқоби «таълими динӣ» ҳамчун ифротгаро тарбия ёфтани ҷавонону наврасон хатар ба ҷомеа мебошад.

Яке аз паҳлуҳои муҳими ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки волидайн масъулият ҳис кунанд. Назорат намоянд, ки фарзандонашон бо чӣ кор машғуланду чӣ мехоҳанд? Баъзе ходимони дин, ки дар маҳалҳо фаъолият менамоянд, пинҳонӣ побанди мазҳабҳои бегона ҳастанд. Вақте фарзанд назди чунин ашхос пинҳонӣ таълим мегирад, мағзшӯӣ шуда, ба дасти мақомот меафтад. Дар он сурат пушаймонӣ суд надорад.Аз ин лиҳоз, қонун барои таъмини амният дар ҷомеа хеле зарур ва бамаврид мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ хоҳиш дорам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии ­масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нусратулло Мирзоев дода мешавад. Марҳамат.

Нусратулло МИРЗОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қисми 5 моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятиро танзим намудааст, пас аз рақамҳои «298-313,» рақами «3341» илова карда мешавад, ки минбаъд тафтиши пешакии парванда оид ба ҷинояти дар моддаи 3341 (ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, аз тарафи муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ гузаронида мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

 РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2021 таҳти №818 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд ва ҷонибдорӣ гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дода мешавад. Марҳамат.

Сулаймон ДАВЛАТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Вобаста ба мазмуну моҳияти он метавон зикр кард, ки тибқи лоиҳа, дар моддаи 474 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҷарима мувофиқан баланд ­бардошта шуда, моддаи 4742 бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои машғул шудан ба таълими ғайриқонунии динӣ дар таҳрири нав пешбинӣ гардидааст.

Тибқи таҳлилҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, дар солҳои охир динамикаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 474 — и кодекс рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Чунончӣ, соли 2017-ум 464 парванда, соли 2018 – 522, соли 2019 – 547 ва соли 2020 — 655 парванда ва дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ аллакай 407 парванда баррасӣ гардиданд.

Омори зикршуда ба риоя нагардидани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ иртибот дошта, дар ин радиф динамикаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар самти таълими ғайриқонунии динӣ низ ташвишовар мебошад. Чунончӣ, аз ҷониби мақомоти ваколатдор соли 2017-ум 29 парванда, соли 2018 – 43, соли 2019 – 102, соли 2020 – 208 ва дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 284 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз таҳлил маълум мегардад, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва риоя нагардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ин самт бештар шуда, шахсони тасодуфӣ ба таълими динии ғайрирасмӣ машғул шуда истодаанд, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диниро эътироф намекунанд. Ин ҳолат ба солимии равонӣ ва тарбияи кӯдакону наврасон таъсири манфӣ гузошта, ба густариши ақидаҳои тундгароёнаю ифротӣ дар байни онҳо замина мегузорад.

Бинобар ин, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда имкон фароҳам меоранд, ки баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо заминаи қонунӣ мустаҳкам гардида, дар умум, пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ ба коҳиш додани сатҳи қонунвайронкуниҳо дар ин самт мусоидат намояд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод доред? Марҳамат.

Ғайрат Аззизода: - Пешниҳод доштам, ки моҳияти тағйиру иловаҳои воридшуда дар масҷидҳо ва маҳаллаҳо ба аҳолӣ фаҳмонида шавад.

РАИС: — Боз кӣ савол ё пешниҳод дорад? Марҳамат.

Саидҷаъфар Усмонзода: — Чаро бо вуҷуди фаъолият дош­тани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам боз иддае аз ҷавонон ба назди ашхоси ғайритахассус рафта, ғайриқонунӣ таълими динӣ мегиранд? Магар маблағи ҳаққи пардохти таҳсил дар донишкада гарон аст? Ё ин ки аз ҷониби кумита ва имом — хатибҳо муаррифии донишкада дуруст ба роҳ монда нашудааст?

Сулаймон Давлатзода:

- Муассисаи давлатии Донишкадаи исломии Тоҷикистон донишҷӯёнро тариқи имтиҳонсупорӣ дар Маркази миллии тестӣ қабул мекунад. Маблағи таҳсил дар он дар муқоиса бо дигар макотиби олӣ арзонтар аст.

Мутаассифона, бархе аз шаҳрвандони зудбовар ихтиёрӣ фарзандонашонро ба назди шахсони тасодуфӣ барои гирифтани маълумоти ибтидоии динӣ мебаранд, ки хилофи қонун аст.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Хуршед КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Хадамоти гумрук бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалисозии «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019 таҳти №537 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.

Сархати дуюми банди 1.1-и нақшаи чорабиниҳои мазкур, мутобиқ ба талаботи стандарти 3.39 Замимаи асосии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав аз 26 июни соли 1999) ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гумрукиро вобаста ба коҳиши муҷозот барои ҳуқуқвайронкуниҳои ночиз пешбинӣ менамояд.

Боби 32 (моддаҳои 570-598) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро дар соҳаи қонунгузории гумрук муқаррар менамояд. Ҷазои маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои дар баъзе аз моддаҳо пешбинишуда нисбат ба кирдорҳои содиршуда вазнинтар муқаррар гардидааст.

Чунончӣ:

- барои иҷро накардани амру талаботи қонунии шахси мансабдори мақомоти гумрук (моддаи 570) ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои даст кашидани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда аз пешниҳоди молу ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилооти барои баррасии парванда зарур (моддаи 571), ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст;

- барои саркашӣ кардани шахси мансабдори корхона, муассиса, ташкилот аз иҷрои қарор ё супориш оид ба гузаронидани экспертиза ё аз иҷрои талабот дар бораи даъвати мутахассис ё тарҷумон (моддаи 574), ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияи гумрукӣ (моддаи 588), ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои риоя накардани муҳлати супоридани андоз ва пардохт­ҳои гумрукӣ (моддаи 598), ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз як то дукаратаи андоз ва пардохт­ҳои гумрукии супориданашуда.

Омори парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои 2018 — 2020 бо моддаҳои 570, 571, 574, 588 ва 598 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2402 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва баррасӣ гардидааст. Дар ин давра ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи моддаҳои 571 ва 574 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба қайд гирифта нашудаанд.

Ҷазои маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар доираи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад ва ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, вазъи молумулкӣ, мавқеи хизматӣ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, ба инобат гирифта мешаванд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузирии ҷазо, ҷавобгарӣ ва гунаҳгории инфиродӣ, адолатнокӣ ва инсондӯстӣ асос меёбад.

Ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки нисбат ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ мешавад, бояд одилона сурат гирад, яъне ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолатҳои содир намудан ва оқибатҳои бавуҷудомадаи он, шахсияти гунаҳгор ва эътибори кории шахси ҳуқуқӣ,мувофиқ бошанд.

Нисбат ба шахси воқеӣ, мансабдор ё шахси ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст, бояд чунин ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин ва татбиқ карда шавад, ки барои ислоҳи ӯ ва пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дигар аз ҷониби ҳамин шахс ё шахсони дигар, зарур ва кифоя бошанд.

Мавриди зикр аст, ки санксияи қисми 2 моддаи 572 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгариро барои саркашӣ кардан аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ муқаррар мекунад ва мутобиқи он ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Моддаи 598 Кодекс ҷавобгариро барои риоя накардани муҳлати супоридани андоз ва пардохтҳо пешбинӣ мекунад, ки санксияи он ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз як то дукаратаи андоз ва пардохтҳои супориданашуда муқаррар кардааст.

Ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбининамудаи моддаи 598 Кодекси мазкур аз лиҳози зиддиҳуқуқӣ камаҳамият буда, ҷазои маъмурӣ барои содир намудани он сахттар аст ва ин мухолифи принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад.

Ҷиҳати аз байн бурдани ихтилофот ва ба принсипҳои қонунгузорӣ мутобиқ намудани санксияи моддаи 598, он дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат намекунад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Хадамоти гумрук лоиҳаи баррасишавандаро бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия ва молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мувофиқа намудааст.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

 Мансур УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси банди 301-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар пешниҳод шудани се лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон онҳоро муттаҳид карда, ҳамчун лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд.

Лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқгардонӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи ­нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021-2030», амалисозии «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024», дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқбуда таҳия гаштааст.

Тағйиру иловаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаҳои вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи идоракунии иттиҳодияҳои динӣ, ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ахлоқи ҷомеа ва вобаста ба соҳаи қонунгузории гумрукро дар бар гирифта, аз коҳиш додан ва пурзӯр намудани бархе аз санксияҳои Кодекси амалкунандаро фарогир аст. Ҳамчунин, лоиҳаи қонун хусусияти таҳрирӣ ва меъёрӣ дошта, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Бояд зикр кард, ки тибқи лоиҳа ба ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 128 ва моддаи 131 кодекс пас аз калимаҳои «моддаҳои психотропӣ» калимаҳои «, ҳаммонанди (аналоги) онҳо» илова карда мешаванд. Инчунин, дар асоси лоиҳа ҷавобгарӣ дар самти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар ҷодаи озодии виҷдон, инчунин, вобаста ба тартиботи идоракунии иттиҳодияҳои динӣ пурзӯр гардида, дар ин замина ба моддаҳои 85, 474, 4741, 4742, 4743 ва 4744 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.

Тағйироти дигари пешниҳодшавандаи лоиҳаи қонун аз ­масъалаи коҳиш ёфтани муҷозот дар самти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба соҳаи қонунгузории гумрукро дар бар гирифта, санксияҳои моддаҳои 570, 571, 574, 588 ва 598 кодекс як андоза сабук карда мешаванд.

Лоиҳаи қонун расмиёти дохилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра гузаштааст. Он аз ҷониби кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои такмилаш дар маҷмӯъ, 10 дархост пешниҳод гардид, ки онҳо қобили қабул дониста шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 1, 5, 8, 10, 12, 14, 17, 26, 30, 38 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод доред? Марҳамат.

Файзулло БАРОТЗОДА:

- Воқеан, боис ба ташвиш аст, ки таълими ғайриқонунии динӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷой дорад. Онҳое, ки таълими ғайрирасмии диниро ба роҳ мемонанд, аз нигоҳи тахассусӣ ба талабот ва муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мувофиқ нестанд. Бинобар ин, ҳанӯз миёни як қишри ҷомеа муносибати хурофотомез нисбат ба гирифтани таълими динӣ боқӣ мондааст.

Солҳои 2018 — 2020 аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор пурсишҳои сотсиологӣ гузаронида шуд ва ошкор гардид, ки барои ташкил намудан ва ба роҳ мондани таълими ғайриқонунии динӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таъсири неруи беруна ва ҳатто кӯшишҳои маблағгузории чунин шахсони ғайритахассус вуҷуд дорад.

Масъалаи дигар ин аст, ки қаб­лан дар кишварҳои хориҷӣ, масалан Покистон китобҳо чоп шуда, бо ҳар гуна роҳ ба ҷумҳурӣ оварда мешуд, ки хушбахтона, ҳоло ин масъала ҳал шудааст. Аз ин рӯ, бо ба эътибор гирифтани тағйирёбии вазъи минтақа баъди ҳодисаҳои моҳи августи соли равон қабул намудани тағйиру иловаҳои зикршуда саривақтӣ ва мувофиқи мақсад хоҳад буд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дода мешавад. Марҳамат.

Сулаймон ДАВЛАТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муайян намудани тобеияти баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба масъалаи риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи қаблан муаррифигардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаримаҳои маъмурӣ мувофиқан баланд бардошта шуда, дар моддаҳои 474 ва 4742 кодекс ҷаримаҳо дар ҳадди бештар аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи талаботи қисми 5 моддаи 39 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар он андозаи ҷарима аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи андоз ва қонунгузории зиддиинҳисорӣ аз тарафи судя баррасӣ мешавад.

Дар ин замина, тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, минбаъд парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи моддаҳои 474 ва 4742 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Тағйирот имкон фароҳам меорад, ки мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва риояи талаботи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин шуда, дар умум, ба коҳиш додани сатҳи қонунвайронкуниҳо дар ин самт мусоидат намояд.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод доред? Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Мутаассифона, ҳоло низ дар баъзе аз масоҷид муовинони имом — хатибҳо мавҷуданд, ки дар макотиби ғайрирасмии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намудаанд. Хуб мешуд, ки фаъолияти онҳо зери назорати мақомоти дахлдор бошад.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода дода мешавад. Марҳамат.

Муҳаммадсаид

ФАЙЗУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз мувофиқа гардидан бо вазорату идораҳои дахлдор бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021 таҳти №353 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст. Зарурати таҳияи он дар он аст, ки тибқи талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 таҳти №266 «Дар бораи ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ» ва аз 29 декабри соли 2017 таҳти №595 «Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти нав — Кумитаи бехатарии озуқавории ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мутобиқи талаботи моддаи 59-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти барҳамхӯрда ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вориси ҳуқуқӣ мегузарад.

Бо дарназардошти он ки татбиқ намудани моддаҳои 106 — 110-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти собиқ хадамотҳои назорати давлатии байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, зотпарварӣ ва Бозрасии давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст, бояд моддаи дахлдор ба салоҳияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста карда шавад. Бинобар ин, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 таҳти №975 қабул гардидааст, зарур аст.

Дар лоиҳа пешниҳод мегардад, ки моддаҳои 106, 108, 109 ва 110-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба салоҳияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доштанд, хориҷ карда шуда, ба ҷойи онҳо моддаи нав — «Моддаи 106. Мақоми бехатарии озуқаворӣ» ворид карда шавад. Инчунин, дар қисми 1-и моддаи мазкур муқаррар карда шуд, ки мақомоти бехатарии озуқаворӣ дар доираи ваколат парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 249, 251 — 256, 259 — 261, 264, 265, 2651 - 2655,267, 268, 270 — 275, 278, 279, 280 — 284 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамояд.

Дар қисми 2-юми моддаи мазкур муқаррар гардид, ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти бехатарии озуқаворӣ роҳбари мақомот ва муовинони ӯ, сардорони раёсатҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, сардорони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт ҳуқуқ доранд.

Дар қисми 3-и моддаи зикршуда муқаррар шуд, ки моддаҳои 108, 109 ва 110 хориҷ карда шаванд.

Мувофиқи арзёбии дохилиидо­равии зиддикоррупсионӣ, дар лоиҳа омилҳои коррупсионӣ ҷой надошта, татбиқи он хароҷоти маблағи иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд.

Мавриди зикр аст, ки аз тарафи мақомоти бехатарии озуқаворӣ ҷиҳати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти байторӣ, зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ соли 2020 ва нуҳ моҳи соли 2021-ум 5189 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҳисоби маблағи ҷаримаҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ 1 325 465 сомонӣ ворид шудааст.

Аз ин лиҳоз, тағйиру иловаҳои ба Кодекси мазкур пешбинишуда иқдоми саривақтӣ буда, барои тақвияти фаъолияти мақоми бехатарии озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ хоҳиш дорем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бояд хотирнишон сохт, ки бо дарназардошти банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар пешниҳод шудани ду лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро муттаҳид карда, ҳамчун лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд.

Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи номбурда ворид намудани тағйирот ба қисми 1 моддаи 93 ва моддаи 118 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вобаста ба муайян намудани тобеияти баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба масъалаи риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ мебошад.

Инчунин, моддаи 106 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода шуда, моддаҳои 108, 109 ва 110 хориҷ карда мешаванд.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 13 таклиф пешниҳод намуданд, ки онҳо қобили қабул донис­та шуданд.

Лоиҳаи қонун ба моддаҳои 1, 8, 10, 14, 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода дода мешавад. Марҳамат.

Шоҳин САИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020 таҳти № 1430 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Бо дарназардошти амалӣ намудани фармон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мутобиқ намояд. Аз ин рӯ, баҳри фаъолияти самараноки агентӣ ба як қатор қонунҳо тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, барои баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» пешниҳод шуда, мутобиқи он ба моддаҳои 1, 12, 16, 23, 28, 32, 33 ва 36 тағйиру иловаҳо ворид мегарданд.

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар сархати ҳаждаҳуми моддаи 1 мафҳуми мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо чунин мазмун илова карда мешавад: « — мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм — мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм­ро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон амалӣ менамояд» .

Мутобиқи қисмҳои 2 ва 3 лоиҳаи пешниҳодшуда, ба моддаҳои 12 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот ворид мешавад, ки бархӯрди ваколатҳоро байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми додани иҷозатнома ба муассисаҳои таълимӣ доир ба пешбурди фаъолият аз байн мебарад.

Дар моддаи 23 қонуни мазкур ҷиҳати муқаррар намудани ваколатҳо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси нострификатсияи ҳуҷҷатҳои дараҷаи таҳсилоти дигар давлатҳо, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилот шартнома ё созишнома надоранд, тағйирот ворид карда мешавад, ки меъёри иловашаванда бархӯрди ваколатҳоро барҳам медиҳад.

Мутобиқи меъёрҳои пешбинигардида ба моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ваколатҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба назорати давлатӣ дар соҳаи маориф бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм вогузор карда мешавад. Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф» моддаи алоҳида, яъне моддаи 281 оид ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, илова карда мешавад. Дар меъёрҳои муқарраргардидаи моддаи мазкур ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм пурра муайян шудааст.

Тибқи талаботи қисми 6 лоиҳа ба моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ду сархати нав илова мегардад, ки дар он ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф тасдиқи қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ, баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тасдиқи тартиби гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва рейтинги муассисаҳои таълимӣ, эътироф ва муайян намудани баробарарзишӣ (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ вогузор мешавад.

Бо мақсади бартараф намудани бархӯрди ваколатҳо байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, аз моддаҳои 33 ва 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» як қатор меъёрҳо хориҷ гардид, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур пурра нишон дода шудааст.

Лоиҳаи пешниҳодшуда ба Конс­титутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Абдухолиқзода дода мешавад. Марҳамат.

Лутфия АБДУХОЛИҚЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳти №1430 ва барои аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи лоиҳа, ба қонуни мазкур тағйироту илова ба моддаҳои 1, 12, 16, 23, 28, 32, 33 ва 36 ворид гардид, ки тибқи он ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мушаххас карда мешавад.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2021 таҳти №805 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил 16 таклиф пешниҳод намуданд, ки 10 таклиф қабул ва 6 — тои он қабул нагардид.

Кумитаи масъул 27 сентябри соли 2021 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаро баррасӣ карда, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонун ба моддаҳои 40 ва 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, ба дигар моддаҳои он мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода дода мешавад. Марҳамат.

Шоҳин САИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» пешниҳод мегардад, ки мутобиқи он ба муқаддима тағйиру илова ворид гардида, мутобиқи он назорат дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва илмӣ — техникӣ мушаххас карда мешавад. Инчунин, ба моддаи 1 мафҳуми алоҳида вобаста ба мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ду моддаи алоҳида (41 ва 81)илова мегарданд, ки мутобиқи он ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва танзими назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ муайян карда мешаванд.

Бо қабул гардидани қонун ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мушаххас гардида, такрорёбии ваколатҳоро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бартараф менамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дода мешавад. Марҳамат.

Насиба СОДИҚӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мушаххас намудани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, инчунин, баҳри бартараф намудани такрорёбии ваколатҳо ҳангоми гузаронидани назорати фаъолияти илмӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҷониби кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқ ҷиҳати такмили лоиҳа 7 пешниҳод ворид гашт, ки онҳо пурра ва қисман қабул гардиданд. Дар натиҷа, лоиҳаи қонун такмил ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуд.

Кумитаи масъул 27 сентябри соли 2021 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаро баррасӣ намуда, ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои дахлдори қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода дода мешавад. Марҳамат.

Шоҳин САИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳти №1430 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таҳия шудааст. Бо қабул гардидани он, ба моддаҳои 2, 9, 10 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» оид ба салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ ва назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ тағйироту илова ворид мегардад. Дар лоиҳа мутобиқгардонии қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дигар санадҳои қонунгузорӣ мушаххас гардонида шудааст.

Инчунин, бо қабул гардидани лоиҳаи қонун ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мушаххас гардида, такрорёбии ваколатҳоро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф менамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ғиёсиддин Шарифзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин ШАРИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳти №1430 бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2020 барои хулоса ба Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаи масъул 27 сентябри соли 2021 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ пешниҳодҳои воридгардидаро баррасӣ намуда, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуд ва ҷиҳати такмил 1 пешниҳод манзур шуд, ки қабул нагардид.

Лоиҳаи қонун ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаҳои 29, 30 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 10 қонуни мазкур ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.  Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намоян­дагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода дода мешавад. Марҳамат.

Шоҳин САИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» низ аз бастаи лоиҳаҳо вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳти №1430 дар бораи таъсисёбии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таҳия шудааст.Бо қабул гардидани он, ба моддаҳои 16 ва 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» оид ба салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тағйироту илова ворид мегардад, ки тибқи он қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ мутобиқ гардонида мешавад. Инчунин, ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мушаххас гардида, такрорёбии ваколатҳоро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф менамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода дода мешавад. Марҳамат.

Даринг Раҳмон Ҷаҳон

Афрӯз ҚУРБОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2020 таҳти №435 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил 2 пешниҳод манзур намуданд, ки қобили қабул дониста нашуд.

Кумитаи масъул 27 сентябри соли 2021 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор намуда, лоиҳаро дастгирӣ намуданд. Қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Инчунин, ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мухолифат намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода дода мешавад. Марҳамат.

Шоҳин САИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» низ бо мақсади мушаххас гардонидани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва барои бартараф намудани такрорёбии ваколатҳо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон равона шудааст. Бо қабул гардидани он ба моддаҳои 15 ва 16, ки дар бораи салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон ва назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон мебошад, тағйирот ворид мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба Конс­титутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ғиёсиддин Шарифзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин ШАРИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳти №1430 пешниҳод гардидааст. Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2020 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаи масъул 27 сентябри соли 2021 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҷаласаи васеъ таклифҳои пешниҳодгардидаро баррасӣ намуда, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуд ва ҷиҳати такмил 1 таклиф пешниҳод намуданд, ки қабул гардид.

Лоиҳаи қонун ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 33 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», бандҳои моддаҳои 15 ва 16 қонуни мазкур ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода дода мешавад. Марҳамат.

Шоҳин САИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз бастаи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби шумо, вакилони гиромӣ баррасӣ шуд, пешниҳод мегардад.   Бо қабул гардидани он ба моддаҳои 5, 12, 32 ва 33  тағйироту илова ворид мегардад.

Мутобиқ ба талаботи техникаи ворид намудани тағйиру илова ба санади меъёрии ҳуқуқӣ дар лоиҳаи қонун тағйирот пешниҳод гардидааст, аз ҷумла дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» оид ба худмухтории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва озодиҳои академии онҳо ва дар моддаи 12 қонун, вобаста ба тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тағйиру иловаҳо ворид мегарданд, ки бархӯрди ваколатҳоро бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн мебаранд.

Дар моддаҳои 32 ва 33 қонуни мазкур тағйиру иловаҳо бо мақсади муайян намудани салоҳиятҳои мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва назорати давлатии сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ворид мегардад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод доред? Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Ман як пешниҳод дорам. Хуб мешуд, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи он низ ҳамкорӣ намояд.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Гавҳар Шарофзода дода мешавад. Марҳамат.

Гавҳар ШАРОФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳти №1430 таҳия ва пешниҳод гардидааст. Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2020 таҳти №436 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил пешниҳод манзур намуданд, ки он қабул гардид.

Кумитаи масъул 27 сентябри соли 2021 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор намуда, лоиҳаро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» ба моддаҳои 40 ва 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуда буданд, баррасӣ гардиданд. Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ менамоям.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ