Муҳташам ва таърихӣ

№18 (4758) 07.02.2024

Назаре ба таърихи бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ф. ИдизодаДар ҳар давлат биноҳое мавҷуданд, ки дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои дохилию байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал шуда, аҳамияти таърихию сиёсӣ ва низомӣ пайдо кардаанд. Аз ҷумла, Кремли Москва, Кохи Сафеди Вашингтон, Қасри Елисейи Париж, Рейхстаги Берлин, Арк — қасри шоҳӣ ва президентии Кобул (то 15 августи соли 2021), Қасри сенаторҳои Рим, Қасри сулҳ – қароргоҳи расмии Суди байналмилалии СММ дар шаҳри Гаага ва ғайра биноҳои таърихии ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Чунин биноҳо нишонаи соҳибдавлатӣ, идоракунии давлат, маданияти давлатдорӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ мебошанд.

Дар замони муосир ҳар як давлат кӯшиш менамояд, ки ҳар чӣ бештар сайёҳонро ҷалб намуда, фоида ба даст оварда, дастовардҳои миллии худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Маҳз, мавҷудияти чунин биноҳои таърихию сиёсӣ ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат менамоянд.

Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир буда, ҳар рӯз ҳазорҳо шаҳрвандони мамлакату сайёҳони хориҷӣ аз назди он гузар мекунанд. Ба назари мо, ба нашр расондани маълумоти муфассал дар бораи таърихи бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми мантиқии дастгирии рушди соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо иқдомҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати эълон намудани сиёсати «дарҳои кушода», таъмини амният ва иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои байналмилалӣ, ҳамчунин, густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманди мамлакат бо давлатҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ пойтахти мамлакат макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии глобалӣ гардид. Аз баракати чораҳои андешидашуда, сиёсати инсонпарварона ва созандаю бунёд­коронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи намояндаҳои давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба пойтахти мамлакат сол ба сол зиёд шуда истодааст. Қариб ҳар ҳафта меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ташриф оварда, ба ин васила, робитаҳои байнипарлумонӣ ва байналмилалии парлумони мамлакат густариш меёбад. Мавқеи бино, шароити пазироӣ ва гусели меҳмонони хориҷӣ, ҳамчунин, баргузории мулоқоту конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ дар ташаккули робитаҳои байнипарлумонӣ нақши муассир дорад.

Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумори биноҳои муҳими давлатие қарор дорад, ки дар онҳо рӯйдодҳои барои халқу давлатамон тақдирсоз баргузор гардида, зербинои давлатдории навини Тоҷикистон гузошта шудааст. Таърихи сохтмон ва бунёди бинои мазкур, мутаассифона, то кунун аз назари муҳаққиқон канор мондааст.Таърихи бунёди шаҳр ва биноҳои маъмурии аввалини он ба давраи ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 ва баъдан табдил ёфтани он ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 алоқамандӣ дорад. Соли 1926 аввалини раиси Кумитаи иҷроияи Сталинободии шурои шаҳрии коргарон, деҳқонон ва вакилони артиши сурх Абдукарим Розиқов таъйин мегардад. Дар ин давраи тақдирсоз масъулияти зиёд баҳри гузоштани пойдевори пойтахти ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ӯ вогузор мешавад. Номбурда баҳри аз деҳа ба «шаҳри намунавии коммунистӣ» табдил додани Душанбеи ҳамонвақта кӯшиши зиёд мекунад. Мавриди зикр аст, ки барои ташкили шаҳрҳои нав дар ҷумҳуриҳои нави иттифоқии Осиёи Миёна И. В. Сталин оид ба сарпарастии чунин шаҳрҳо аз ҷониби шаҳрҳои тараққикардаи ҷумҳуриҳои Россия ва Украина дас­тур медиҳад. Тибқи дастури мазкур, шаҳри Ленинград сарпарасти шаҳри Душанбе буд. Дар ин замина, садҳо мутахассисони соҳаҳои гуногун ба Душанбе сафарбар гардиданд. Бо дархости Абдукарим Розиқов соли 1926 гурӯҳи меъморон ва муҳандисон барои расондани кумак ба Душанбе барои банақшагирӣ ва сохтмони биноҳои давлатию ҷамъиятӣ фиристода шуданд. Соли 1926 банаворгирии топографӣ гузаронда, лоиҳаи пойтахт кашида шуд ва аввалин кӯчаю хиёбонҳо нақшакашӣ шуданд.

Бо мақсади ба роҳ мондани сохт­монҳои нав барои муассисаҳои давлатӣ ва манзилҳои истиқоматӣ зарурати таъсиси ниҳод барои корҳои лоиҳакашӣ ба вуҷуд омада, моҳи октябри соли 1930 чунин муассиса бо номи «Таджикгоспроект» таъсис дода шуд. Дар муассисаи навтаъсис меъморони рус ба кор шурӯъ намуданд. Дар нимаи дуюми соли 1936 ба Душанбе, ки он замон Сталинобод ном гирифта буд, меъморони нав аз ҳисоби хатмкардагони Донишкадаи ленинградии сохтмонии муҳандисию коммуналӣ ба кор меоянд. Онҳо дар якҷоягӣ дар муассисаи «Таджикгоспроект» ба кор оғоз намуда, дар фаъолияти муассисаи мазкур ва таҳияи лоиҳаю сохтмони биною иншооти шаҳри Душанбе ва умуман ҷумҳурӣ, саҳм гузоштанд.

Бори нахуст аз ҷониби меъморони ленинградӣ лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод ва моҳи марти соли 1937 барои 15 соли оянда қабул гардид. Дар он солҳо, бинобар мавҷуд набудани шароит, воситаҳои техникӣ, масолеҳи сохтмонӣ, гармии ҳаво, кофӣ набудани таҷрибаи кор дар макони нав асосан биноҳои якошёна ва дуошёна бунёд мегардиданд. Масалан, соли 1937 дар Душанбе аз 4295 иншоот танҳо 73 бино дуошёна ва 3 бино сеошёна буданд.

1 марти соли 1936 аввалин конференсияи меъморон ва сохтмончиён дар Душанбе баргузор гардида, Иттифоқи архитекторони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки аз соли 1937 то соли 1948 раисии онро Михаил Захаров ба уҳда дошт. Соли 1937 нақшаи генералии шаҳри Душанбе барои 15 сол тасдиқ гардида, дар он сохтмони бинои «Хонаи Ҳукумат дар Сталинобод» ба нақша гирифта шуд. Барои таҳияи нақшаи бинои мазкур озмун эълон гардида, соли 1938 аз ҷониби сармеъмор М. Захаров, сармуҳандис Драчук, конструктор С. Анисимов ва муҳандис Н. Рекант лоиҳаи кории «Хонаи Ҳукумат дар Сталинобод» ба озмун пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи фасади асосӣ аз тарафи Майдони алоқа, (ҳоло майдони Исмоили Сомонӣ) аз ҷониби архитектор Стефан Анисимов таҳия шудааст. Дар лоиҳаи кории «Хонаи Ҳукумат дар Сталинобод» дар қисмати пеши бино барои баргузории сафороиҳои ҳарбӣ ва роҳпаймоиҳо дар рӯзи идҳои умумихалқӣ бунёди майдон пешбинӣ шуда буд, ки ҳоло бо номи майдони Исмоили Сомонӣ машҳур аст.

DSC_5055Бояд зикр намуд, ки дар рангубор ва ороиши дохилии «Хонаи Ҳукумат дар Сталинобод» нақши рассом ва архитектори рус Сергей Захаров зиёд мебошад. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Новосибирск ва Донишкадаи архитекторию сохтмонии Томск буда, соли 1931 барои истиқомат ба шаҳри Ленинград меояд. Соли 1936 ба гурӯҳи лоиҳакашони Театри опера ва балети Сталинобод (ҳоло Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ) шомил гардида, ҷиҳати банақшагирӣ, сохтмон, ороиши берунӣ ва дохилии бинои мазкур нақши асосӣ доштааст. С. Захаров дар баробари пешаи меъморӣ яке аз рассомони беҳтарини собиқ ИҶШС ба шумор мерафт. Сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла маводи интишории Ғафур Шерматов ва манбаъҳои интернетӣ, нишон медиҳанд, ки С. Захаров соли 1947 аз Ленинград ба Душанбе даъват гардида, лоиҳаи ороиши дохили бинои «Хонаи Ҳукумат дар Сталинобод»-ро тарҳрезӣ намудааст. Мавсуф ҳамроҳи ҳамсараш, рассом Мария Абрамовна Зубреева ороиши дохилӣ, аз ҷумла плафонҳо ва ороиши деворҳои бинои «Хонаи Ҳукумат дар Сталинобод»-ро таҳия ва амалӣ намудааст. Соли 1951 С. Захаров барои хизматҳояш дар ороиши «Хонаи Ҳукумат дар Сталинобод» бо унвони фахрии «Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.

 Ҳамин тариқ, бинои «Хонаи Ҳукумат дар Сталинобод» соли 1949 ба истифода дода шуд. Солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ асосан дар бинои мазкур Шурои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон фаъолият мекарданд. Дар қаноти рости бино то парокандашавии ИҶШС идораи «ГОСПЛАН»-и ҶШС Тоҷикистон ҷойгир буд ва дар қаноти чапи бино Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон фаъолият мекард.

Бузургтарин рӯйдоди асри ХХ барои мамлакат, яъне эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991, дар толори таърихии Шурои Олии ҳамонвақта сурат гирифт. Пас аз эълони Истиқлолияти давлатӣ дар бинои мазкур асосан Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 6 ноябри соли 1994 инҷониб Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият мекард. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Шурои вазирон, баъдан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бинои собиқ Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон кӯчида, бинои Маҷлиси Олӣ пурра ба ихтиёри мақомоти қонунгузор вогузор гардид. Пас аз табдил ёфтани Шурои Олӣ ба Маҷлиси Олӣ ва аз мақоми фаъолияташ даъватӣ ба парлумони думаҷлиса ва доимоамалкунандаи касбӣ гузаштан дар бино тағйироти куллӣ ба вуқӯъ омад. Толорҳои нав барои гузарондани ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ ба истифода дода шуданд, ки айни ҳол бо тамоми шароити замонавӣ бо мақсади таъ­йиншуда истифода мегарданд.

Ф. ИДИЗОДА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ