Муаррифии иқтидору имконияти иқтисодӣ ва энергетикии Тоҷикистон дар Алҷазоир

№18 (4601) 31.01.2023

IMG_5251Сиюми январи соли 2023 дар доираи сафари кории ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир ­Зокирзода дар ҷаласаи 17-уми Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ дар мавзӯи  «Таҳдидҳо, бозсозӣ ва рушд»  суханронӣ намуд.

Дар маърӯза зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавиятро дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои созмон баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мебинад. Дар ин раванд истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидро­энергетикии мамлакат афзалият мебошад.

Номбурда иброз дошт, ки Тоҷикистон дар айни замон аз рӯи истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, ки яке аз заминаҳои асосии ташаккул ёфтани «иқтисоди сабз» мебошад, дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷойгир аст. Ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ояндаи наздик иқтидорҳои гидроэнергетикиро дучанд афзоиш диҳад ва барои ин пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамзамон, Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.

- Мақсади мо аз татбиқи ин лоиҳаҳо тавсеаи имконияти транзитии минтақа бо роҳи ташаккул додани долонҳои нақлиётӣ ба самти бандарҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд намудани терминалҳои наздисарҳадиву марказҳои логистикӣ, аз ҷумла «бандарҳои хушкӣ», мебошад. Тоҷикистон дорои манбаи азими об, аз ҷумла оби ошомиданӣ, мебошад ва аз рӯи захираҳои он дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Аз ин лиҳоз, кишвари мо соҳаи мудирият ва истифодаи оқилонаи захираҳои обиро ҳамчун самти муҳими ҳамкории байналмилалӣ арзёбӣ менамояд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Ҳоло Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси кишвари мо қабул гардидааст, мавриди татбиқ қарор дорад. Аз 22-юм то 24-уми марти соли равон бори дуюм дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк конфронс баргузор мешавад, ки дар он раванди татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи мазкур арзёбӣ мегарданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон илова намуд, ки 14-уми декабри соли гузашта Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми давлати моро дар соҳаи об бо иттифоқи оро дастгирӣ намуд. Тибқи қатънома, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, аз соли 2025-ум ҳар сол 21-уми март «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» таҷлил мешавад.

Мутобиқи ин қатънома дар назди СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузаронидани конфронси сатҳи баланд дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи 17-уми Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ намояндагони зиёда аз 50 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон