Муаррифии калонтарин кодекс, ки июли соли 2023 мавриди амал қарор мегирад

№21 (4604) 06.02.2023

IMG_5430Сеюми феврали соли равон бо ибтикори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маросими муаррифии Кодекси маданӣ (шаҳрвандӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки кодекси зикршуда 24 — уми декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо ва дар воситаҳои ахбори омма нашр шуда, аз якуми июли соли 2023 мавриди амал қарор мегирад. Он самтҳои асосӣ ва вазифаҳоро дар соҳаи қонунгузории шаҳрвандӣ муқаррар намуда, муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ, инчунин тартиби амалӣ намудани муносибатҳои молумулкӣ, ҳуқуқи молумулки зеҳнӣ, муносибатҳои корпоративӣ, шартномавӣ ва дигар уҳдадориҳоро танзим менамояд. Хусусан, дар бораи идораи замин кодекси нав ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хоҷагиҳои деҳқониро муқаррар намуда, тартиби бақайдгирии заминро сода мекунад.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, ки роҳбари Гурӯҳи кории Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи Кодекси маданӣ буд, доир ба зарурати таҳия ва қабули он сухан ронд. Зикр шуд, ки 26 — уми апрели соли 2013 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул намудани Кодекси гражданӣ таъкид шуда буд.

Аз соли 2013 бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари давлат гурӯҳҳои кории гуногун таъсис дода шуда, якчанд лоиҳа таҳия гардид. Дар ин замина амалияи беҳтарини танзими муносибатҳои маданӣ ва иқтисодии муосир таҳлил карда шуд.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 — юми апрели соли 2019 гурӯҳи кории нав таъсис дода шуд, ки кори бисёрсоларо вобаста ба таҳияи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуд.

- 31- уми январи соли 2022 лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Лоиҳаи кодекси мавриди назар иборат аз 8 фасл, 72 боб ва 1351 модда таҳия гардид, ки он калонҳаҷм буда, муносибатҳои нави маданиро танзим, падида ва муқаррароти зиёди муосирро дар таҳрири нав пешбинӣ намуд, — гуфт номбурда.

Кумитаҳо ва сохторҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили лоиҳаи кодекси мазкур пешниҳоди зиёд манзур намуданд. Дар натиҷа, ба он як фасл ва чор боби нав ворид шуда, аз 1351 модда, 9 фасл ва 76 боб мураттаб гардид.

Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гашта, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июни соли 2022 дар хониши якум қабул шуд.

Бино ба гуфти нотиқ, пас аз қабули кодекс дар хониши якум гурӯҳи корӣ фаъо­лиятро идома дода, матни русии онро ба матни забони давлатӣ мутобиқ, хатоҳои имлоиро ислоҳ ва дар маҷмӯъ матни лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо риояи тартиби муқаррарнамудаи боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил доданд.

Ниҳоят, кодекси мазкур 23-юми ноябри соли 2022 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 16-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ шуд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дар мавзӯи «Нақши Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи муносибатҳои маданӣ ва иқтисодӣ» маърӯза намуд.

Рустам Шоҳмурод яке аз масъалаҳои калидӣ ивази истилоҳи «гражданӣ»-ро ба истилоҳи «маданӣ» арзёбӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, аз 80 давлати дунё, ки амалияи он ба назар гирифта шудааст, дар 50 давлат вожаи аслии баромади он «civil», «цивиль» (ба маъноҳои «шаҳрвандӣ» ва «маданӣ»), дар 20 кишвари дигар калимаҳои мазмунан наздики он истифода мегарданд. Масалан, дар Ӯзбекистон истилоҳи «фуқаро», Туркманистон — «раият», Озарбойҷон — «мулк» ва Қазоқистон истилоҳи «азамат» истифода шуда, дар Афғонистон, Туркия, Урдун, Эрон ва дигар давлатҳо калимаи «маданӣ» истифода мегардад.

Вожаи «маданӣ» ифодагари моҳияти муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии субъектҳои ҳуқуқи маданӣ (гражданӣ) мебошад, ки кодекси мазкур ба танзим медарорад.

Дар чорабинӣ мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бахтиёр Шамолиён дар мавзӯи «Меъёрҳои танзимкунандаи масъалаҳои истифодабарии замин ва фаъолияти кишоварзӣ дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, роҷеъ ба тағйирот дар бораи муайян намудани шаклҳои гуногуни фаъолияти кишоварзӣ, инчунин фароҳам овардани фазои мукаммали ҳуқуқӣ барои истифодабарандагони замин маълумот дод.

Дар охир миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва табодули андеша сурат гирифт.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ