Муаррифии қонуни марбут ба баробарҳуқуқии мардону занон

№37-38 (4620-4621) 15.03.2023

DSC_702814-уми марти  соли равон дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА),  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои занони судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ассотсиатсияи занони наз­ди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»  ҳамоиш баргузор гардид. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода чорабиниро ифтитоҳ намуд.

Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории машварат баррасии қонуни мазкур ва роҳҳои татбиқи он мебошад. Инчунин, шарҳи корҳои анҷомдодашуда ва тавсияҳо оид ба тат­биқи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқи баробари мардону занон пешниҳод мешавад.

- Баробарӣ дар ин қонун муқаддаси инсоният ва муҳимтарин принсипи демократия аст, ки тибқи он, шаҳрвандон, сарфи назар аз нажод, миллат, ҷинс, эъти­қоди динӣ, нигоҳи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва моликияташон дар назди қонун баробаранд. Баробарӣ гарави шукуфоии ҷамъият дар ҳар як мамлакат аст. Низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои волоияти қонун асос ёфта, тат­биқи ҳуқуқу озодиҳои инсонро пурра таъмин менамояд. Мо ба татбиқи сиёсати иҷтимоии гендерӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, муносибати пайвастаро ба ташаккул ва татбиқи он дар мадди аввал мегузорем, — зикр кард номбурда.

Дар чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парвиз Шодизода дар мавзӯи «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» суханронӣ намуда, гуфт, ки 25 дарсади вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба даъватҳои пешина бештар буда, вакилзанон дар пешниҳоду қабули қонунҳо ва дигар санадҳо фаъол ҳастанд.

- Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ба қонуни амалкунанда моддаи нав — «Принсипҳои асосии таъмини кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» илова гардида, қонуният, баробарҳуқуқии мардону занон, нораво будани табъиз аз рӯи ҷинсият, ошкорбаёнӣ ва шаффофият принсипҳои асосианд, — афзуд Парвиз Шодизода.

Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва Насиба Содиқӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳилолбӣ Қурбонзода, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари барномаҳои Дафтари САҲА дар Душанбе Тея Джалиашвили, раиси Шӯрои занони судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Пӯлодӣ, раиси Ассотсиатсияи  занони назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Давлатшоева суханронӣ  намуданд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум».Суратгир Неъматулло АЛИЕВ