Таҳти чунин унвон аз 29 то 30 октябри соли 2018 дар толори Сенати Испания Саммити глобалии парламентҳо баргузор гардид, ки дар он бо даъвати Фонди ташкилоти озуқаворӣ (FАО) дар Тоҷикистон муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Ҳ. Нидозода иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад намояндагон аз 80 парламенти ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Саммит дар се бахш — кам кардани гуруснагӣ ва сабабҳои он, мушкилоти озуқаворӣ, ҳалли зина ба зинаи мушкилот оид ба барҳамдиҳии гуруснагӣ ва нимгуруснагӣ доир гардид.
Дар бахши якум муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид ва хисороти зиёди иқтисодӣ дид, таҳти роҳбарии сиёсатмадори дурбин ва хирадманд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти мавҷударо давра ба давра ҳал намуд ва дар 18 соли охир камбизоатӣ дар мамлакат бемайлон поён рафт. Дар давраи солҳои 2000-2009 сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз ба 47, солҳои 2012-2017 аз 37 ба 31 фоиз паст гардид. То соли 2020 сатҳи камбизоатӣ то ба 20 фоиз поён хоҳад рафт.
Тибқи маълумоти расмӣ, иқтисодиёти кишвари мо ба таври устувор ҳар сол ба андозаи 5,2 фоиз рушд карда истодааст. Парламенти Тоҷикистон бошад, дар замони соҳибистиқлолӣ оид ба беҳтар намудани сифати ғизо зиёда аз 10 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст. Дар охир иштирокчиёни саммит Эъломия қабул намуданд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон