13 — уми июни соли 2023 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарварро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин тақвияти кори гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Душанбе — Исломободро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаи доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираи васеи масоили мавриди таваҷҷуҳ ва барои ҷонибҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
Маҳмадалӣ Ватанзода ба Муҳаммад Саид Сарвар дар фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбӣ орзу намуд.
Дар мулоқот узви Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Наҷмиддиниён низ иштирок намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ