Чордаҳуми июни соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи дифоъ, ҳамоҳангсози гурӯҳи вакилон оид ба робита бо парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Швиткин мулоқот намуд.
Мавзӯи гуфтугӯ ҳамкориҳои дуҷониба, хоса равобити парлумонӣ, буд. Зикр гардид, ки боздиди вакилон аз мамлакатҳои якдигар барои густариш ёфтани ҳамкорӣ дар тамоми арсаҳо заминаҳои мусоидро фароҳам овард.
- Боварӣ дорем, ки ин мулоқот барои тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳои мо мусоидат мекунад, — гуфт Саидмурод Фаттоҳзода.
Юрий Швиткин изҳор намуд, ки ҳамеша хостори устувории беш аз пеши муносибот бо парлумони Тоҷикистон буда, умед аст, ки сафари мазкур ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар мулоқот, ҳамчунин, аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Ҳамон рӯз бо ҳайати зикршуда раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ низ мулоқот намуд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ