Мулоқот бо намояндагони парлумони Эрон

№75 (4337) 10.06.2021

IMG_5420Чанде пеш раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо вакилони парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Туғёнӣ ва Муродиён мулоқот намуданд.

Зимни он бештар ба масъа­лаҳои вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ҳамкории муштарак дар масъалаи омӯзиши таъриху фарҳанг, забону адабиёти муштараки мардуми ҳар ду кишвар, бахусус, дар матни дастнависҳои маҳфузмонда, хидмати мондагор дар бахши эроншиносӣ хоҳад буд. Ҳамчунин, ҳамкории муштарак дар бахши омода намудани олимон ва мутахассисони ҷавон дар бахши илмҳои дақиқ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки масъалаи омӯзиши муштараки дастнависҳои шарқӣ, бахусус давраи баъд аз қарни XV мелодӣ то ибтидои асри ХХ, ҳанӯз мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи олимони соҳаро ба ин раванд ҷалб кардан лозим меояд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон