Мулоқотҳои самимӣ, ошкоро ва манфиатбахш

№123 (3424) 14.09.2015

DSC_0774Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло  — вакил аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Содиқова Насиба  Нуруллоевна – вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо интихобкунандагони худ вохӯрӣ доир намуданд.

Вакилон дар ибтидо оид ба корҳои анҷомдодаи парлумони касбӣ дар давраи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, фаъолияти Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар ин давра ба иштирокдорон ба таври муфассал маълумот доданд.

Аз ҷумла М.М. Ватанзода ҳамчун раиси кумитаи мазкур дар хусуси он лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои кумита таҳия ва пешниҳод гардидаанд, гузориш дода, дар ин зимн роҷеъ ба паҳлуҳои асосии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба тозагӣ қабул гардидааст, андешаҳояшро баён намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Н.Н. Содиқова бошад, бештар дар хусуси мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа, алалхусус дар парлумони касбӣ, нақши онҳо дар тарбияи ҷавонон дар давраи барои ҷомеа бисёр ҳассос суханронӣ кард.

Дар охир байни вакилон ва иштирокдорони вохӯрӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз ва роҳҳои ҳалли онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

С. УМАРОВ, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ

***

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ва деҳоти «Пӯлотон»-и шаҳр мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Раҷабов бо ҷавонон баргузор гардид. Равшан Раҷабов зикр намуд, ки аз рӯзи интихоби ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар ва ду қонуни мукаммал қабул шудааст.

Равшан Раҷабов ҳамчунин афзуд, ки дар баробари фаъолияти вакилиаш ҳамчунин баҳри ҳалли масоили матраҳнамудаи интихобкунандагон дар мавриди таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва таъмири роҳҳои бархе аз манотиқи шаҳр низ чораҷӯиҳо намуда истодааст ва мушкилоти мазкур давра ба давра роҳи ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Дар мулоқот аз ҷавонон хоҳиш ба амал оварда шуд, ки ҳамаи неруи худро ба омӯзиши илм равона созанд ва дар ҳама ҳолат ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зеро маҳз омӯзиши илму дониш ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ метавонад фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Дар мулоқот шаҳрвандон оид ба синну соли никоҳии ҷавонон, эътибори шиносномаҳои хориҷии даҳсола, муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, никоҳи хешу таборӣ, таъминоти саривақтии нафақа ва дигар паҳлуҳои ҳаёти рӯзмарраи мардум суолу дархостҳои худро пешниҳод намуда, посух гирифтанд.

А. Салимзода, «Садои мардум»

***

Рӯзи 11 сентябри соли равон дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Дилрабо Мансурова, Абдуҳалим Ғаффоров ва Гулбаҳор Турсунова бо устодону донишҷӯён баргузор гардид. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми 24 соли соҳибистиқлолӣ суханронӣ карданд.

Аз ҷумла вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурова гуфт, ки нақши устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд назаррас ва шоёни таҳсин аст, зеро ин боргоҳи маърифат дар тарбияи кадрҳои соҳибтахассус саҳми арзанда дорад. Мавсуф афзуд, ки дар Паёми хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар таваҷҷуҳи мардуми ҷумҳуриро ба масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷӣ ва пешомадҳои ҷомеаи муосир ҷалб намуд.

Тавре аз Паём бармеояд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф эътибори бештар медиҳад. Аз ин ҷост, ки барои рушди соҳа имсол се миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки баёнгари ин гуфтаҳост. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз донишҷӯён даъват намуданд, ки дар баробари забони модарӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир, ки асоси пешрафти ҳар ҷомеаву Давлат аст, эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Дар идомаи ин мулоқот раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода зимни паёми муборакбодӣ бахшида ба иди Истиқлолияти кишвар дастовардҳои Тоҷикистонро дар бахши иқтисодӣ дар 24 соли истиқлолият хотиррасон кард. Вай афзуд, ки хушбахтона, дар ин муддат Тоҷикистони азиз аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтҳои чашмгиреро ноил шуд. Бо вуҷуди он ки панҷ соли аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги дохилӣ ғӯтавар буд, аммо мо тавонистем, ки дар солҳои минбаъда таҳти роҳбарият ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат роҳи пешрафт ва рушдро аз сар гирем. Агар дар соли 2001 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 3 миллиард  сомонӣ баробар бошад, пас дар соли 2014 он ба 45,6 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2001-ум 15 маротиба бештар аст. Ҳамаи ин дастовардҳо  бори дигар нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар самти иқтисодиёт пешрафтҳои назаррас намудааст.

Дар ин мулоқот инчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва Гулбаҳор Турсунова атрофи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ намуданд.

Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»

***

Имрӯзҳо як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд бо аҳолии шаҳру ноҳияҳо мулоқоту суҳбатҳои ошкорову самимӣ доир намуда истодаанд.

Чунин як мулоқоти вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Маркази саломатӣ ва литсейи № 1 –и шаҳри Чкалов бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳр баргузор гардид.

Вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Аҳмедов, Дилшод Исматуллоев, Дилрабо Мансурова ва Абдуҳалим Ғаффоров доир ба дастовардҳои 24 соли Истиқлолияти давлатӣ, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо сохтани мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳозирин маълумоти муфассал доданд.

Дар мулоқот аз ҷавонон хоҳиш карда шуд, ки ҳамаи неруи худро ба омӯзиши илм равона созанд ва дар ҳама ҳолат ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Дар фарҷоми мулоқот миёни ҳозирин ва вакилон мубодилаи афкор сурат гирифт ва иштирокчиён ба суолҳои худ аз вакилон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамчунин 11 — уми сентябр дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Аҳмедов бо сокинони шаҳраки Ғафуров баргузор гардид. Ҷаббор Аҳмедов оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолият, истиқрори сулҳи саросарӣ дар кишвар ва нақши намоёни Сарвари давлат дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон сухан ронда, ба суолҳои шаҳрвандон посух гуфт.

А. Салимзода, «Садои мардум»

***

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Садриддинов ва Ориф Ҳакимов дар ноҳияи Қубодиён бо интихобкунандагон якчанд вохӯрӣ доир намуданд.

Аз ҷумла дар вохӯрие, ки бо кормандони соҳаи тибби ноҳия барпо гардид, табибони беморхонаи марказии ноҳия ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ иштироки фаъолона доштанд.

Ориф Ҳакимов, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст ва Бадриддин Садриддинов, ки аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён №31 интихобкунандагони ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз ва ба номи Носири Хусравро дар парлумони касбии мамлакат намояндагӣ мекунад, оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои тоҷикистониён дар солҳои истиқлолият ва фаъолияти парлумони касбии мамлакат баъди интихоботи моҳи марти соли равон суханронӣ намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин бо кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯёни коллеҷи омӯзгорӣ, кормандони мақомоти қудратии ноҳия, сокинони деҳоти «Тахти сангин», «Навобод» ва «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯриҳо гузарониданд.

Дар ҳамин радиф вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимҷон Холиқов, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Румӣ №30, дар ноҳияи Ҷилликӯл бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор намуд.

Мавсуф зимни ин мулоқот аз дастоварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ва фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба иштирокдорон маълумот дод. Номбурда ҳамчунин бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, намояндагони масҷиди ҷомеи маркази ноҳия, сокинони деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов вохӯриҳои судманд анҷом дода, суолу ҷавоб намуд.

Вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар маҳалҳо идома дорад.

Давлат Султонов, «Садои мардум»  

***

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Сафаров дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ҷиргатол хеле хотирмон буд.

Дар ин вохӯрӣ фаъолони ноҳия, раисони деҳаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва сокинони деҳоти гуногун иштирок доштанд. Вакил дар атрофи мавзӯъҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик дар ин давра, рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқ, фаъолияти Маҷлиси намояндагон, татбиқи қонунҳо дар ҳаёти имрӯзаи кишвар, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд.

Олим Сафаров ҳамчунин дар деҳоти «Ҷиргатол» ва «Янгишаҳр» бо сокинони маҳал вохӯриҳо баргузор кард.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»

***

Дар шаҳру деҳоти Исфара мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Исфара № 20 Мавзуна Шарофиддинова бо интихобкунандагон сурат гирифт.

Аз ҷумла ин гуна мулоқотҳо дар деҳоти «Чилгазӣ», «Навгилем», «Кулканд», «Хонобод» ва «Нефтобод» ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар онҳо Мавзуна Шарофиддинова оид ба ҷараёни қабули қонунҳо, тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ, раванди ҷаҳонишавии бошитоб, пешгирии роҳҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, роҳ надодан ба паҳн гардидани  ғояҳои нодурусти аҳзоб ва гурӯҳҳои ифротгаро сухан ронда, иштирокдоронро даъват кард, ки алайҳи ин гуна унсурҳои манфӣ, ки ба амният ва осоиштагии ҷомеа хатар доранд, дастаҷамъона мубориза баранд.

Зимни мулоқот интихобкунандагон перомуни мушкилоти маҳал ибрози андеша карда, ҷиҳати ҳалли мусбати онҳо ва муаммоҳои ҷойдошта аз вакил дархостҳо намуданд.

С. АБДУВОСИТ, «Садои мардум»

***

Дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Аҳмадҷон Қобилов дар ҳузури мардум доир ба самтҳои асосии рушди Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар 24 соли истиқлолият сухан ронда, иброз дошт, ки маҳз аз баракати соҳибистиқлолии кишвар ва амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ноҳияи Спитамен иншооти соҳаи тиббу маориф  ва корхонаҳои зиёди дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Пули «Ширинсой» дар ноҳияи Спитамен, ки 13 сол муқаддам бар асари борони сел хароб гардида буд, дар арафаи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи кормандони хоҷагии роҳ аз нав ба истифода дода шуд.

Аҳмадҷон Қобилов бо ишора ба дигаргуншавии авзои амнияти минтақа ва ҷаҳон аз мардуми ноҳияи Спитамен даъват кард, ки ба қадри рӯзгори ободу ҳаёти осоишта бирасанд ва нагузоранд, ки унсурҳои бадхоҳ ва ҷараёнҳои ифротӣ оромиву осудагии мардумро халалдор созанд.

С. АБДУВОСИТ, «Садои мардум»

***

Вакилони Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрӣ гузаронда истодаанд.

Аз ҷумла вакили Маҷлиси намояндагон Муҳаббатшо Рӯзадор бо сокинони ноҳияи Шуғнон ва Рӯшон вохӯриҳо доир намуд.  Вай ба интихобкунандагон дар бораи вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, инчунин ҷаҳони имрӯза маълумоти муфассал дода, мардумро бо ҳушёрии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан, бахусус, дар ҷавонон парваридани масъулияти хештаншиносӣ, пешгирии  ифротгаройӣ даъват намуд.

Дар ин замина вакил таъкид дошт, ки мардум бояд аз осоиштагӣ шукргузор бошанд, барои боз ҳам мустаҳкам намудани истиқлолият, ваҳдати миллӣ саҳмгузор ва аз сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд. Ҳамчунин вай дар бораи кору фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Дар навбати худ интихобкунандагон иброз доштанд, ки сиёсатӣ пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд.

Дар поёни вохӯрӣ Муҳаббатшо Рӯзадор ба саволҳои интихобкунандагон ҷавоб дод.

Чунин вохӯриҳо бо вакилони  Маҷлиси намояндагон Бибидавлат  Афзалшоева ва Амрихудои Дамдор низ баргузор гаштанд.

 Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»