Мулоқотҳои судманд, ки бори нек меоваранд

№122 (3423) 11.09.2015

661464310-уми сентябри соли 2015 дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан нахустин вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан № 23 Иброҳим Абдуллозода бо интихобкунандагон — кормандони соҳаи тиб доир шуд.

Дар ин мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон Иброҳим Абдуллозода нахуст ба интихобкунандагон дар бораи фаъолияти зиёда аз семоҳаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, қарору қонунҳои қабулшуда, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар маълумот дод. Мавсуф аз шомилшавии як идда ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ карда, аз ҳамагон хоҳиш намуд, ки чунин ҳодисоти номатлубро пешгирӣ намоянд. Сипас, байни вакил ва интихобкунандагон мубодилаи гарми афкору андешаҳо сурат гирифт.

Интихобкунандагон, ки аксар кормандони соҳаи тиб буданд, аз намояндаи мақоми олии қонунгузори кишвар дархост намуданд, ки барои таъмини шуъбаҳои беморхона бо оби нӯшокӣ, таҷҳизоти наву замонавии табобатӣ, аз ҷумла табдили дастгоҳҳои аксбардории рентгенӣ, ки аз солҳои 60-уми асри гузашта боқӣ мондаанд, тезонидани сохтмони бинои Маркази саломатии № 2 дар маҳаллаи ба номи Навоӣ, таъмири асосии бинои шуъбаи амрози занона ва ғайра мусоидат намояд.

Мулоқот дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд ва интихобкунандагон сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, изҳор доштанд, ки баҳри ҳифзи саломатии мардум ва ободу шукуфоии Ватан тамоми саъю кӯшиши худро равона месозанд, — гуфт дар суҳбат сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Собирҷон Акрамов.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»

***

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад 10 сентябри соли 2015 дар деҳоти «Понғоз»-и ноҳияи Ашт бо сокинони деҳот мулоқот баргузор намуд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба пешрафти босуботи кишвар ва рушди бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ сухан ронда, ӯ гуфт, ки сол то сол беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ ва бунёди корхонаву иншооти азим дар кишвар аз дастовардҳои истиқлолият ва фазои ороми Тоҷикистон аст. Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад дар мавриди сулҳи бадастомада дар кишвар ва фазои орому босуботи ҷумҳурӣ ибрози назар намуда, мардумро даъват кард, ки алайҳи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷойӣ, ки ҳадафҳои нопоку муғризонаро пайгиранд, муборизаи беамон баранд.

Дар ҷараёни ин мулоқот миёни вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад ва сокинони деҳоти «Понғоз» атрофи мавзӯъҳои доғи рӯз саволу ҷавоб сурат гирифт.

Ҳамчунин дар худи ҳамон рӯз дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова, Дилором Мансурова, Шариф Раҳимзода, Ҷаббор Ахмедов ва Аҳмадҷон Қобилов бо интихобкунандагон баргузор гардид.

А. Салимзода, «Садои мардум»

***

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода дар ноҳияи Қумсангир бо кормандони соҳаи маориф мулоқот баргузор намуд.

Зимни вохӯрӣ ӯ, аз ҷумла иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум суханронӣ карда, гуфта буданд: «Вакилон ҳамкории доимиро бо интихобкунандагони худ, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд ва бо раъйи онҳо ба курсии вакилӣ шарафёб гардидаанд, ба роҳ монда, ба масъалаи ҳалли мушкилоти онҳо бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки сазовори эътимоди интихобкунандагон бошанд».

Инак, бо мақсади иҷрои ин дастури Сарвари давлат ва қарори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури шумо қарор дорем. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагон аз ғамхории навбатии Сарвари давлати Тоҷикистон, парлумон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушди соҳаи маориф сухан ронда, изҳор дошт, ки соли равон дар Буҷети давлат барои соҳаи маорифи кишвар қариб 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва ин рақам дар муқоиса бо соли 2014-ум 401 миллион сомонӣ зиёд буда, 19 фоизи Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Мирзодавлат Сабурзода ҳамчунин оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум тӯли моҳҳои сипаришуда ба интихобкунандагони худ маълумот дод.

Мирзодавлат Сабурзода дар варзишгоҳи марказии ноҳия низ бо гурӯҳи калони интихобкунандагони худ вохӯрӣ доир намуда, онҳоро ба ҷашни 24- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон дар якчанд деҳоти ноҳия низ бо кишоварзон доир гардид.

Давлат Султонов, «Садои мардум»

***

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 Зайниддин Сафаров вохӯрии нахустини хешро бо интихобкунандагон аз ноҳияи Темурмалик оғоз намуд.

Зайниддин Сафаров дар ибтидо ҳозиринро бо 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар табрику муборакбод намуда, сипас оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки аз ибтидои моҳи марти соли равон ба кор оғоз кардааст, қонунҳои дар ин давра қабулгашта маълумот дода,   ба суолҳои интихобкунандагон посух дод.

Зайниддин Сафаров вохӯриҳои худро дар ноҳияи  Восеъ аз иштирок дар ифтитоҳу ба истифода додани  як зумра иншооти ҷашнӣ оғоз бахшида, зимни таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳия баргузор гардид,  суханронӣ карда, сокинони ноҳияро ба ин рӯзи муборак табрик гуфт.

Т.Файзалиев, «Садои мардум»