Ҳаштуми июни соли 2015 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари лоиҳаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер мулоқот намуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Германия соли 1967 таъсис ёфта, то кунун дар омода намудани зиёда аз 400 нафар мутахассисони тоҷик дар риштаҳои гуногун саҳм гузоштааст. Бунёди мазкур дар 60 давлати дунё фаъолият менамояд.
Таъкид шуд, ки Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Германия соли 2002 намояндагии минтақавии худро дар Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, расман ифтитоҳ намуд, ки роҳбарии онро доктор Макс Георг Майер ба уҳда дорад. Соли 2009 Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Германия бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намуд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки соли шашум аст Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар асоси созишномаи ҳамкорӣ, бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Германия тайёр намудани магистрантҳоро аз ҳисоби хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ба роҳ мондааст.
- Мо, — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ, — аз он хушнудем, ки мақсади асосии фаъолияти бунёди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи тахассусии касбии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Танҳо дар шаш соли охир тавассути ҳамкорӣ бо дастгирии молиявии Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 365 нафар хизматчиёни давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар суҳбат мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо низ баррасӣ шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Лутфия Абдулхолиқзода, роҳбари магистратураи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сунатулло Анварзода, намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Ҳомид иштирок намуданд.
Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ