12 декабр муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо муовини раиси Шӯрои миллии сиёсии машваратии музофоти Хайнани Ҷумҳурии Халқии Хитой Ванг Ёонг ва ҳамроҳони ӯ, ки ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд, мулоқот намуд. Дар он масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ, илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ ва густариши муносибатҳои минбаъдаи байнипарлумониро аз манфиатҳои муштараки ду кишвар арзёбӣ намуданд.
Абдуҷаббор Азизӣ, ҳамчунин доир ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муносибатҳои хориҷӣ, рушди босуръати иқтисодӣ дар Тоҷикистон барои меҳмонон маълумот дод.
Ванг Ёонг иброз намуд, ки музофоти Хайнан нуҳ миллион аҳолӣ дорад, ки шуғли асосиашон кишоварзӣ ва сайёҳӣ мебошад. Дар донишкадаҳои олии он донишҷӯёни тоҷик таҳсил намуда истодаанд.
- Соли оянда кӯшиш менамоем, ки ҳар чӣ бештар хоҳишмандонро аз Тоҷикистон барои таҳсил ба музофоти Хайнан ҷалб намоем, — гуфт ӯ.
Дар фарҷом доир ба ҳамгироии минтақавию ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табодули назар карда шуд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон