25 сентябри соли 2019 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Марокаш, ки таҳти роҳбарии дабири кулли вазорати мазкур Муния Буссета ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд.
Зимни суҳбат Акрамшо Фелалиев роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонон маълумот дод. Аз ҷумла, ёдовар шуд, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи байнипарлумонӣ бо кишвари Марокаш фаъолият дорад ва дар ин замина хостори тавсеаи ҳамкориҳои ҳар ду мамлакат шуд. Ҳамчунин, таъкид намуд, ки Тоҷикистон захираҳои бойи табиӣ, табиати ҷолиб, обҳои мусаффо дорад ва дар кишвар фазои муносиби сармоягузорӣ дар самтҳои гуногун мавҷуд аст.
- Мо низ хостори тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус, муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳастем ва бовар дорем, ки робитаҳо ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд, — гуфт Муния Буссета.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум».
Суратгир Н. Алиев