18 - уми майи соли 2023 пеш аз оғози ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Минск Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳамтоёни ӯро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба ҳузур пазируфт.
- Ҳодисаи нодир аст, ки бо ҳамкасбони собиқам — вакилони парламент мулоқот менамоям. Ҷумҳурии Беларус ба ҷанбаи парламентӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти муваффақи СААД, такмил ва рушди минбаъдаи он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Вазифаи асосӣ ба ҳамдигар наздик намудани қонунгузории миллӣ мебошад. Дар ин ҷо аз болои Ассамблеяи парламентии СААД шикояте нест. Шумо ба парламентҳои миллӣ бисёр қонунҳои намунавиро пешниҳод кардаед, ки баъзеи онҳо дар Беларус ва дигар мамлакатҳо бо мамнуният истифода мешаванд, — гуфт зимни мулоқот Президенти Беларус Александр Лукашенко.
Таъкид гардид, ки Ассамблеяи парламентии СААД бояд беш аз пеш фаъол бошад. Вакилони парламент тавассути иштирок дар раванди рушд ва таҳкими иқтидори СААД метавонанд нақши ин созмонро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ баландтар бардоранд.
- Пешрафти қавӣ дар ин самт, риояи қатъии принсипи тақсимнашавандагии амният шарти муҳими муколамаи сулҳомез, муқовимат ба фишор ва таҳримҳои беруна хоҳад буд, — гуфт Президенти Беларус Александр Лукашенко.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон