Масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон 20 сентябри соли равон зимни мулоқоти раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ саҳми парлумонҳо дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар низ муҳиму назаррас арзёбӣ шуд. Зикр гардид, ки ҳамкории фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон вусъат ёфта, мавриди дастгирии мардуми ҳар ду кишвар мебошад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон