Мулоқоти Дилрабо Мансурӣ бо Хелга Мария Шмид

№70 (4490) 09.06.2022

DSC_0942DSC_09146 июни соли 2022 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо Котиби генералии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Хелга Мария Шмид мулоқот намуд.

Дилрабо Мансурӣ муҳимияти ҳамкории Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро хотирнишон намуда, афзуд, ки тақвияти муносибатҳои густурда дар инкишофи ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни байналмилалии амниятӣ, бахусус САҲА, ба мақсаду принсипҳои сиёсати берунаи Тоҷикистон  мусоидат менамояд ва кишвар дар солҳои минбаъда низ дар татбиқ ва пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор, сулҳу субот ва бехатарӣ саҳмгузор мегардад.

Қайд гардид, ки ҷиҳати идома ва рушди муносибатҳои дӯстона бо САҲА парлумони кишвар минбаъд низ омода хоҳад буд.