Мулоқоти Дилрабо Мансурӣ бо намояндагони СММ

№148 (4410) 14.12.2021

DSC_7043 2Чанде пеш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва мушовири СММ оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон Армондс Пуполс мулоқот намуд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тайи солҳои узвият марҳилаҳои муайяни муносибатҳоро бо Созмони Милали Муттаҳид паси сар карда, ҳоло бо сохторҳои он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар самти таъмини суботи умумибашарӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, таҳдиду хатарҳои муосир ба амният, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори ҷомеа, ҳамкории фаъол дорад.

- Тоҷикистон бо шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, бо Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, пайваста ҳамкорӣ мекунад, — гуфт Дилрабо Мансурӣ ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро фаъолона дастгирӣ намуда, иштирокчии доимии равандҳо дар соҳаи мушкилоти об, экология, вазъи муҳити зист ва рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.

DSC_7061 1Зимни ёдоварӣ аз вазъи феълии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муовини Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ вобаста ба ин кишвар саҳм мегузорад.

- Аз ин рӯ, барои ҳамкории минбаъда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Маркази дипломатияи пешгирикунанда дар самти ҷалби фаъолонаи Афғонистон ба раванд­ҳои ҳамгироии минтақавӣ ва расонидани кумакҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба он омодаем, — афзуд Дилрабо Мансурӣ.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар заминаи хуби меъёрию ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шуда, як қатор қонунҳо, ки ба дастгирии оилаҳои осебпазир, фароҳам овардани фазои мусоид дар оила ва рушди кӯдакон нигаронида шудаанд, қабул гардиданд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи кумаки иҷтимоӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ», «Дар бораи муоинаи ҳатмии тиббӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон», «Дар бораи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир».

- Итминони комил дорем, ки мулоқоти кунунӣ дар таҳкими робитаҳои байни давлатҳо ва парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми арзанда хоҳад ­гузошт, — гуфт дар интиҳо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилрабо Мансурӣ.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ