Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Семён Григорев

№52 (4948) 23.04.2025

DSC_669922-юми апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Семён Григорев мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Аз соли 1991 инҷониб  Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр бо Федератсияи Россия ҳамкориҳои дӯстона ва мутақобилан муфидро ба роҳ мондааст.

DSC_6771Зикр шуд, ки робитаҳои қавии ҳар ду кишвар аз пайванд­ҳои ҳамзистӣ, таърихи муштараки халқҳоямон ва муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин сарчашма  мегиранд.

Иброз дошта шуд, ки муносибатҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар рӯз ба рӯз густариш ёфта, барои рушду таҳкими муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг, иҷтимоиёт, сайёҳӣ, варзиш, заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки ба наздикӣ таҷлил хоҳад шуд, пирӯзии беназири ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Федератсияи Россия, мебошад.