Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Ҷӣ Шумин

№53 (4949) 28.04.2025

28.04.202523-юми апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӣ Шумин мулоқот намуд.

Зимни суҳбат иброз гардид, ки аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 33 сол сипарӣ гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои дӯстонаю мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст, ки заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии онро зиёда аз 250 санад ташкил медиҳад.

Дар таърихи муносибатҳои неки дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Ҷинпин хеле назаррас арзёбӣ гардид.

- Муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳоямон пайваста густариш ёфта истодаанд, ки ба рушду таҳкими муносибатҳо дар дигар ҷанбаҳо мусоидат хоҳанд намуд,- зикр кард Файзалӣ Идизода.

М. СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ