Мулоқоти Фарҳод Раҳимӣ бо Тзи Шумин

№53 (4473) 30.04.2022

P134018427 апрели соли 2022 раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин мулоқот доир намуд.

Мулоқот бо дархости ҷониби Хитой сурат гирифта, зимни он дар атрофи масъалаҳои тавсеа ва густариши робитаҳои байнипарламентии ҳар ду кишвар, инчунин, доир ба зарурати барқарор кардани вохӯриву тамосҳо дар шакли ҳузурӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.

www.majmilli.tj