10 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Форуми VIII байнипарламентии «Тоҷикистон – Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки Россия ва Тоҷикистон шарикони воқеии стратегӣ буда дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Россия аҳамияти зарурӣ дода мешавад.
Ҷонибҳо аз раванди рушди муносибатҳои байнипарламентии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ба нақши парламентҳои ҳарду давлат ҳамчун воситаи муҳимму боътимоди рушди ҳамкориҳо баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки Форуми байнипарламентии Тоҷикистон-Русия оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ на танҳо барои палатаҳои болоии парламентҳо, балки барои намояндагони доираи васеи кории ҳар ду давлат майдони босамари муколамаи байнипарламентӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами дуҷониба ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Россия, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.
Ҳамчунин дар мулоқот дар атрофи масоили байналмилалӣ, аз ҷумла, вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон, табодули афкор сурат гирифт.