Мулоқоти Маҳмадалӣ Ватанзода бо Христофорос Политис

№60 (4322) 04.05.2021

DSC_970030 апрели соли равон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадалӣ Ватанзода бо муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Христофорос Политис мулоқот намуда, татбиқи чорабиниҳо дар доираи барномаи муштараки СММ зери унвони «Маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, дар бораи баланд бардош­тани иқтидори назорати парламентӣ аз болои маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор, таҳияи буҷет бо дарназардошти баробарии гендерӣ ва аз нав дида баромадани қонунгузорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон зимни баррасии масъала иброз дошт, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шудаанд, таҳия гардидааст.

- Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, мураттаб шудааст. «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба назар мегирад, — гуфт Маҳмадалӣ Ватанзода

Зикр шуд, ки диққати асосӣ дар Ҳадафҳои рушди устувор ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноус­тувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд.

Муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Христофорос Политис аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон изҳори хушнудӣ намуда, афзуд, ки дар оянда низ бо парлумони мамлакат дар ҳама самти фаъолият ҳамкориро ба роҳ мемонанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон