20 — уми апрели соли 2023 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии дин ва эътиқод Назила Ғанӣ ва ҳамроҳони ӯ мулоқот кард.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қатъан дар мувофиқат бо принсипҳои конститутсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ дар муносибатҳои байни ташкилоту созмонҳои давлатӣ ва динӣ маншаъ мегиранд, амалӣ карда мешавад. Ин принсипҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфта, ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат, дахолат накардани давлатро ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ғайр аз ҳолатҳое ки қонунгузорӣ муайян кардааст, таъмин менамоянд ва ҳамчунин, хислати дунявии таълимро дар низоми давлатии маориф, таҳаммулпазириро байни динҳо ва мазҳабҳои гуногун кафолат медиҳанд.
Сатҳи ҳуқуқу озодиҳои инсон доир ба эътиқоди динӣ бо меъёри мавҷудияти иттиҳодияҳои динӣ, шумораи иттиҳодияҳои бақайдгирифта, чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар соҳаи дин ва таълими динӣ чен карда мешавад.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таҷрибаи судманди муҳокимаи доимии лоиҳаи қонунҳо бо сохторҳои маҳаллии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Моддаи 5 Конститутсияи кишвар таъкид менамояд, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва онҳоро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Моддаи 10 Конститутсия бошад, эътибори олии ҳуқуқӣ доштани меъёрҳои конститутсионӣ дар низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро эътироф намуда, ба меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар сарчашмаҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарият медиҳад.
Ҳамчунин, қайд гардид, тартиби бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба таври дақиқ муайян карда шудааст (моддаҳои 13 ва 14). Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки талаботи қонуни мазкурро инкор намояд, зеро он мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қисми 3 моддаи 18 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бо мақсадҳои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони дигар, ҳифзи амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии ҷомеа, муқаррар карда шудааст.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон