Мулоқоти Маҳмадалӣ Ватанзода бо Тсзи Шумин

№144-145 (4727-4728) 24.11.2023

  20 – уми ноябри соли 2023 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода   бо Сафири мухтор ва фавқулодаи Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯъи васеи муносибатҳои дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки кишварҳои мо муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитариро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд ва ин имкони татбиқи мувофиқаҳои қаблан ба даст омадаро фарохтар месозад.

Рушди ҳамкориҳои парлумонӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо вобаста ба он табодули афкори судманд карданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон