Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Ҳаҷиме Китаока

№29 (3666) 14.03.2017

Убайдуллоев вс корея13 марти соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаокаро бо хоҳиши ӯ  ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев робитаҳои судманди дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун мусбат арзёбӣ карда, зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентиро баҳри таъмини заминаи мусоиди ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сатҳ ва рушди онҳо дар ҳама бахш, хусусан сафарбарсозии иқтидору имконоти ҷониби Японияро барои ҷалби васеи сармоягузорӣ ба иқтисодиёту инфрасохтори кишвар таконбахши  робитаҳо номид.

Ҳамчунин, бо ёдоварӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, аз 22 декабри соли 2016, зикр намуд, ки «дар 15 соли оянда бояд саҳми соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад» ва афзуд, ки бо ин мақсад дар мамлакат муттасил фазои мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзи бештар муҳайё гардида истодааст ва мо ба маблағгузорӣ ва татбиқи дастовардҳои пешрафтаи Япония дар ҳама самт ҳавасманд мебошем.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон дар ҷумҳурӣ Раиси Маҷлиси миллӣ пайвастаю пайгирона ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанбаро дар ҳама бахш, алалхусус иқтисоду тиҷорат, сайёҳӣ, ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсил дар донишкадаю донишгоҳҳои Япония барои донишҷӯёни ҷавону болаёқат, баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони тоҷикис­тонӣ ва табодули афкор миёни ҷавонони ҳар ду кишварро ҳамчун тақозои замон пешниҳод намуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки хоҳони тақвияти ҳамкориҳо бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва илова кард, ки дар давраи фаъолият кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳо боз ҳам ривоҷ ёфта, сатҳу сифати робитаҳои мавҷуда баланд бардошта шаванд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба анҷом расид.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикис­тон оид ба робита

бо воситаҳои ахбори омма