12 ноябри соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бонуфузи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россияро таҳти роҳбарии муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҷаноби Бушмин Евгений Викторович, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи ҳамкориҳои байнипарламентии Шӯрои Федератсия бо Маҷлиси миллӣ мебошад, ба ҳузур пазируфт.
Дар ин мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов низ ширкат варзид.
Зимни вохӯрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо пазироии самимӣ, иқдоми Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро оид ба ташкили сафари кории ин ҳайати бонуфуз ва ҷараёну таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия дар амалисозию тақвияти робитаҳои мутақобилан судманд мувофиқи матлаб шуморида, тавсеаи муносибатҳои байнипарламентиро чун амри воқеӣ нек арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ ва тавассути он таҳким бахшидан ба заминаҳои мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии таҳкимёбанда байни субъектҳои Федератсияи Россия ва вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро иброз доштанд.
Тибқи тафоҳумоти мавҷуда онҳо барои соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани «Форуми байнипарламентии Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» андешаҳои хешро баён намуданд.
Қобили зикр аст, ки «Форуми байнипарламентии Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» ҳамчун институти нави муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз соли 2006-ум инҷониб фаъол буда, муттасил рисолати хешро баҳри рушди муносибатҳои ҳасанаи байнипарламентӣ иҷро менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки 22-25 октябри соли 2014 Форуми мазкур дар шаҳр ва вилояти Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида буд ва дар доираи он як қатор созишномаҳои байнипарламентӣ ва ҳамкориҳои бевоситаи миёни субъектҳои Федератсияи Россия ва вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд, ки ҷараёни татбиқшавии онҳоро имрӯз Комиссияи ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баррасӣ менамоянд.
Зимни мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо истифода аз сатҳ ва мақоми Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия даъват ба миён овард, ки қазияи фавти шаҳрванди панҷмоҳаи Тоҷикистон Умаралӣ Назаров дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои волои умумиинсонӣ ҳамаҷониба ва воқеъбинона баррасӣ карда шавад.
Ш. Саидов