13 феврали соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреас Протманнро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки мо ба густаришу тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар соҳаҳои муҳимтарини ҳамкорӣ, қабл аз ҳама, тиҷорату иқтисодиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, туризм ва бахусус, ҷалби сармоягузорӣ, манфиатдорем.
Зикр гардид, ки кишвари мо дорои захираҳои бузурги обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, аз ҷиҳати захираҳои он ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд, аммо имкониятҳои маҳдуди молиявӣ айни замон даст намедиҳанд, ки ин неъмати бебаҳои энергетикӣ, ки заминаи бузурги иқтисоди сабзро ташкил медиҳад, ба манфиати иқтисодиёти кишварҳои минтақа ва берун аз он пурра истифода бурда шавад.
Раиси Маҷлиси миллӣ ёдовар шуд, ки пешрафту дастовардҳои беназири кишвари Олмон ҳамчун лидери ҷаҳонӣ дар як қатор бахшҳои саноат ва технологияи босуръатрушдкунандаи иқтисодӣ ба ҳамагон маълум аст.
- Аз ин лиҳоз, — афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, -таҷрибаи омӯзандаи шумо оид ба саноатикунонии кишвар дар роҳи табдили ҷумҳурии мо аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба саноатӣ – аграрӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар охири соли сипаришуда масъалагузорӣ гардидааст, хеле муфид мебошад. Ҳамзамон, мусаллам аст, ки ҳалли масъалаи зикрёфта бе татбиқ ва суръатбахшии дастовардҳои илмӣ-техникӣ, омодасозии мутахассисони баландпоя, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии бонуфузи Олмон, тасаввурнопазир аст ва изҳори итминон намуд, ки ҷаноби сафир дар ин ҷода саҳми босазо гузошта, нисбати афзудани теъдоди бурсияҳои ҷойдошта барои донишҷӯёни тоҷик тадбирҳои муассир меандешад.
Раиси Маҷлиси миллӣ қайд намуд, ки барои ҷорӣ кардани доираи васеи навовариҳо дар ин ва дигар самтҳо, инчунин, таҳкими муносибатҳо ва такмили заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо, мо ба тақвият ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ манфиатдорем, зеро рушди минбаъдаи алоқаҳои байнипарлумонӣ ва табодули сафари парламентарҳо, бешубҳа, дар густариши ҳамкориҳои ҷонибҳо саҳми босазо хоҳад гузошт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ёдоварӣ аз саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон изҳор намуд, ки мо ҳамчун ҳамсоякишвар — дорандаи сарҳади тӯлонию мураккаб ва умумиятҳои зиёди таърихию фарҳангӣ, аз ҳама беш манфиатдор ва омода мебошем, ки дар тамоми самтҳо ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва минтақавиро баҳри татбиқи ташаббусҳои судманду амалисозии лоиҳаҳои судовару стратегӣ дар масоили вобаста ба дастёбӣ ба сулҳи деринтизор, таҳкими амният ва барқарорсозии иқтисодиёт дар кишвари зикрёфта идома диҳем, зеро суботи минтақа дар Осиёи Марказӣ ба вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар маҷмӯъ, Раиси Маҷлиси миллӣ зикр намуд, ки мо — парламентарҳо нисбат ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо Олмон назари нек дорем ва баҳри тақвияти онҳо омодаем тамоми зарфиятҳоро сафарбар созем.
Ҷаноби Андреас Протманн аз пазироӣ ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки бо истифода аз ваколатҳои базиммадоштааш ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарламентии ҷонибҳо ва тавассути он тавсеа бахшидани ҳамкориҳои кишварҳо тадбирҳои судманд хоҳад андешид.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба поён расид.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО