14 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини якуми Раиси Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов, ки ҷиҳати иштирок дар кори Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
- Сафари Шумо ба Тоҷикистон боз як нишондиҳандаи муносибатҳо дар сатҳи олӣ миёни ду кишвар аст, ки ба он на танҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, балки робитаҳои парлумонӣ низ мусоидат мекунад, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд:
- Мо кӯшиш дорем, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав бароянд ва дар тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ, башардӯстӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ нақши беш аз пеш муҳим дошта бошанд.
Яъне, мо барои робитаҳои пурбортарин ва ҳамаҷониба бо ҳамкорони бародари ӯзбек омодаем.
- Вохӯриҳои баргузоргардида миёни сарони давлатҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд, ки дар ҷараёни онҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, баёнгари он буданд, ки ҳар ду ҷониб воқеан ҳам хоҳишманди расидан ба марзҳои нави ҳамкорӣ мебошанд, — идома дод Раиси Маҷлиси намояндагон.
Тавре Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, натиҷаи ҳамдилӣ ва ҳамфикрист, ки дар муддати кӯтоҳ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои имзокардаи сарварони ҳар ду кишвар ба тасвиб расиданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон бо итминон иброз дошт, ки таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба рушди густурдаи муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ низ мусоидат мекунанд.
Акмал Саидов ҷонибдориашро оид ба густариш бахшидани ҳамкориҳои парлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баён дошта, қайд кард, ки барои расидан ба қуллаҳои аз ин ҳам баландтари робитаҳо Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тамоми имконият истифода хоҳад бурд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон