23 феврал дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар хонум Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайтӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот танзими сафарҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба давлатҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба ҷиҳати таҳкими бештари ҳамкорӣ зарур шуморида шуд.
Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ метавонанд ҳамчун омили тақвиятгари дӯстию ҳамкорӣ байни ҳар ду давлат хизмат намоянд. Маҷлиси намояндагон ба ҳамкории судманд бо ҷониби Давлати Қатар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва робитаҳои парлумонӣ дар фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тавсеаи равобити ҳар ду давлат дар ҳавзаҳои мухталиф нақши муҳим дошта метавонанд.
- Парлумонҳои мо метавонанд аз тариқи тасвиби созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Қатар нақши муассир гузоранд. Давоми се даҳсолаи гузашта дар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қатар нақши робитаҳои байнипарлумонӣ муассир буд, — тазаккур дод Маҳмадтоир Зокирзода.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти қонунгузори ҳар ду давлат дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи парлумонии Осиё, Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ низ ҳамкориҳои судманд доранд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон