Чоруми феврали соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Ҳасан Мамедзаде мулоқот намуд, ки зимни он роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни парлумонҳои ҳар ду кишвар, густариши муносибот дар бахшҳои илму маориф, иқтисод, тиҷорат ва фарҳанг изҳори назар карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Ин аст, ки Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ бо Милли маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон фавран пас аз ташкили парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
- Ман ҳавасмандии парлумони Тоҷикистонро ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо Милли маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳор мекунам, зеро рушди муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳо нишон медиҳад, ки ҳар ду ҷониб ҳам ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд манфиатдоранд, — иброз дошт Маҳмадтоир Зокирзода.
Ҳасан Мамедзаде аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, гуфт, ки ҳамчун сафир имконот ва донишу маҳоратро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ҳар ду кишвар истифода хоҳад кард.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ