14-уми октябри соли 2024 дар доираи сафар ба шаҳри Ашхобод Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Парлумони Туркманистон Дунёгузел Гулманова мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҷонибҳо ҳамеша ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд манфиатдоранд. Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Туркманистон яке аз аввалин гурӯҳҳое буд, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
- Мо, инчунин, ба идомаи кори гурӯҳи дӯстӣ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, бахусус дар заминаи равандҳои ҳамгироӣ ва мувофиқан истифодаи пурраи имкониятҳо барои ҳамкорӣ, изҳори манфиатдорӣ менамоем. Байни кишварҳои мо ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо расидаанд, ки имкон медиҳанд ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо бомуваффақият рушд намоянд, — гуфт М. Зокирзода.
Дар мулоқот, ҳамчунин, таъкид шуд, ки вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли мунтазами рушдкунанда дорад. Дар онҳо ҷараёни амалисозии кӯшишҳои кишварҳо баҳри ҳамкории бисёрҷониба дар асоси иқтидорҳо ва талаботи ҳар ду кишвар ба мушоҳида мерасад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ