Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Игор Лякин-Фролов

№ 27.07.2022

IMG_9385Бисту ҳафтуми июли соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов бо ҳам вохӯрданд.

Зимни мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия таъкид гардида, густариши равобити байнипарлумонии кишварҳо муҳим арзёбӣ шуд.

- Маҷлиси намояндагон, бо назардошти аҳамияти рушди муносибатҳои байнидавлатии кишварҳо, минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас меандешад, — изҳор дошт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки робитаҳои фаъол ва кори муштараки  роҳбарон ва вакилони парлумонҳои ҳар ду давлат дар чаҳорчӯби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ сурат мегиранд.

Игор Лякин-Фролов иброз намуд, ки мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо шарики стратегии кишвари худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад.