Ҳафтаи гузашта Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуда, нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дод.
Аз ҷумла, зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Рашт, ки 14 январи соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳраки Ғарм баргузор гардид, Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ҳама ҷанбаи ҳаёти ҷамъият ва вазъи соҳаҳои хоҷагии халқро мавриди таҳлил қарор дода, «Дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат барои соли 2022» ва солҳои минбаъдаро муайян намуданд.
- Пешвои миллат бо ифтихору қаноатмандӣ зикр карданд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Зимнан, хотирнишон намуданд, ки рӯзҳои орому осуда ба мардум осон муяссар нашудаанд. Бинобар ин, лозим меояд, ки суботу оромии кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон ва афзуд: — Сарвари давлат, ҳамчунин, аз рӯзгори пурфоҷиаи солҳои 90-уми асри гузашта ва бар асари фитнаву дасисаҳои неруҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистон, фалаҷ гардидани аркони давлатдорӣ, беқонуниятию беҳокимиятӣ, нооромию бесуботӣ, марказгурезии ҳокимияти сиёсӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки маҳз бо баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва қабул гардидани қарорҳои созандаи он оғоз бахшидан ба қатъи ҷангу хунрезӣ, батадриҷ таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ кардани миллати ошуфтаи тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ муяссар гардид.
Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, доир ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки дар Паёми Роҳбари давлат низ зикр гардид, ибрози назар карда, минҷумла, гуфт:
- Тайи бист соли охир рушди иқтисодиёт ба ҳисоби миёна ҳар сол дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 — ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳот гузаронида, истифодаи замин ба деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба ин, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки ба истифодаи самараноки қитъаҳои замин аҳамияти хоса зоҳир намуда, софдилона меҳнат намоянд. Зеро таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, пеш аз ҳама, ба ҳар нафаре, ки дар заминҳо фаъолият мекунад, алоқаманд аст.
Зикр гардид, ки аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, барои расидан ба ҳадафи олӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд.
Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфт.
- Пешвои миллат дар Паём хотирнишон карданд, ки ҳанӯз солҳои аввали истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992 — 1998 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар замин ҳамчун заминҳои президентӣ ба мардум тақсим карда дода шуд. Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ, ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо гардид. Яъне, 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматашонро беҳтар намоянд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Маҷлиси намояндагон вобаста ба соҳаи энергетикии кишвар сухан карда, зикр намуд, ки бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ шуд.
Дар самти сармоягузорӣ таъкид гардид, ки тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим, ҷалб гардид. Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шудааст. Инчунин, Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд.
Нуктаи дигари Паёми Пешвои миллат, ки Раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот шарҳу тавзеҳ намуданд, соҳаи саноат буд. Қайд гардид, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки дар ин муддат, корхонаҳои саноатӣ бештар бунёд ва соҳаи саноат низ равнақ ёбад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Маҳмадиёр Раҷабзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҳикматулло Мирзоев, мудири бахши фарҳанги ноҳия Зумрад Лоиқова, мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия Хайрулло Ғиёсов, директори МТМУ №26 Садодхӯҷа Мираков ва донишҷӯи Коллеҷи тиббии ноҳия Мафтуна Мансурзода доир ба муҳтавои Паём ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки сокинони ноҳия сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд ва Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олиро ҳамчун чароғи ҳидоят ба сӯи ояндаи дурахшон истифода хоҳанд бурд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»