Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон

№11 (4594) 10.01.2023

IMG_3741Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 30-юми декабри соли 2022 то 8-уми январи соли 2023 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон вохӯрда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, шарҳу эзоҳ доданд.

Дар доираи чунин нақша — чорабиниҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мулоқот намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот иброз намуд, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои соли 2022, вазифаҳои навбатӣ барои соли 2023 ва ҳадафу мақсадҳои барномавии мамлакат барои ояндаи наздик муқаррар гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ кардани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Зимнан, таъкид гардид, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.

Таъкид шуд, ки дар давраи солҳои 2018-2022 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда, сохта, ба истифода дода шудааст.

Маҳмадтоир Зокирзода зикр кард, ки дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли то замони истиқлолият ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо фарогирии 52 ҳазору 800 корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар 25 соли охир, 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин, дар панҷ соли охир шумораи қарзгирандагон аз 564 ҳазори соли 2018 то ба 2 миллиону 336 ҳазор дар соли 2022 расида, 4,1 баробар афзоиш ёфтааст, ки фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва соҳибкоронро нишон медиҳад. Дар ин давра қарзҳои додашуда 55 миллиард сомониро ташкил кард, ки 36 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Ҳар қадар ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад. Бо ин мақсад Пешвои миллат Бонки миллиро вазифадор намуданд, ки якҷо бо Вазорати молия, БДАТ «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намоянд,- иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ шуданд. То имрӯз ба онҳо беш аз 120 навъи имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод гардида, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз чор адад ба як адад расонида шуд ва хизматрасонӣ бошад, дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил дода, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои панҷ намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, гуфт, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ пешниҳод гардид, ки дар ин самт қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикргардида дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ибрози назар карда, афзуд, ки дар Паём, ҳамчунин, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад. Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кори нав мавриди истифода қарор дода шуд.

Танҳо соли сипаришуда беш аз 500 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода, таъкид намуд, ки бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнав­созӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба НБО «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.

- Пешвои миллат дар самти татбиқи ҳадафи дигари стратегии давлат — аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ба давлати транзитӣ табдил додани он бо қаноатмандӣ иброз намуданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикис­тон дар панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, чор долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

IMG_3766 (2)Зикр гардид, ки корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.

Ҷиҳати идомаи таҷдиду навсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар соли 2022 татбиқи се лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар (29 километр) ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр), оғоз гардид.

Илова бар ин, соли 2023 татбиқи панҷ лоиҳаи дигар, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон — Кӯлоб (32,5 километр), Данғара — Гулистон (49,2 километр), Гулистон — Фархор (40 километр), Бохтар — Левакант — Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, оғоз мегардад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар Паём изҳори андеша карда, иброз намуд, ки Пешвои миллат бо назардошти вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё, таъкид доштанд, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд. Дар натиҷа тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.

Маҳмадтоир Зокирзода дар хусуси рушди сайёҳӣ низ ибрози андеша кард, ки дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳ ворид гардиданд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Ҳамчунин, хотирнишон карда шуд, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводидро ҷорӣ намуд.

- Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Пешвои миллат бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан (яъне давра ба давра то соли 2025) ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар, тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд. Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолиятро ҳамаҷониба тақвият бахшад,- таъкид кард Маҳмадтоир Зокирзода.

Зимнан, таъкид шуд, ки вазифаҳои дар назди вакилон қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷиҳати қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад. Ин масъала дар навбати худ ҳамкории доимии парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ, талаб менамояд.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ, бахусус истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла ғалла, картошка, маҳсулоти гӯштӣ, тухм ва равған, хеле муҳим мебошад. Дар ин самт вазифаи мутасаддиёни ҳар як ноҳия ва Ҷамоати деҳот сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, мебошад. Бо ҷалби соҳибкорону ташаббускорон ҳар чӣ бештар фермаҳои чорводориву корхонаҳои парандапарвариро ташкил бояд кард.

- Масъалаи дигар торафт мураккаб гаштани вазъи минтақа ва ҷаҳон мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ намоем, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Раиси Маҷлиси намояндагон, инчунин, дар хусуси риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», самараноку мақсаднок истифода бурдани қувваи барқ ва сари вақт пардохт кардани ҳаққи хизматрасонии он ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ибрози андеша карда, ба саволҳои иштирокчиёни мулоқот посух дод.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон