Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Квон Донг Сок

№152 (4572) 12.12.2022

DSC_0478Ҳаштуми декабри соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок мулоқот намуд.

Зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду гус­тариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

- Рушди равобити Тоҷикистону Корея ба заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба асос ёфта, дар тӯли 30 соли равобити дипломатӣ миёни ниҳодҳои гуногуни ҳар ду кишвар 5 созишнома, 8 ёддошти ҳусни тафоҳум ва беш аз 40 созишномаву барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ба имзо расидаанд, — иброз дошт Маҳмадтоир Зокирзода ва ёдовар шуд, ки байни парламентҳои кишварҳо гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ фаъолият менамояд. Боварӣ дорем, ки ҳамкории байнипарлумонӣ миёни ҳар ду кишвар дар оянда низ тақвият хоҳад ёфт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон