Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Маргарета Седерфелд

№135 (4397) 02.11.2021

DSC_361228 октябри соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (АП САҲА) Маргарета Седерфелд мулоқот намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода хонум Маргарета Седерфелдро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам ва барои интихоб гардиданаш ба ҳайси Раиси АП САҲА шодбош гуфт.

Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон АП САҲА-ро яке аз институтҳои озмудашуда ва пуриқтидор дар низоми Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо медонад, ки аз соли 1990 парламенти 57 кишвар ва зиёда аз 323 аъзои онро ба ҳам овардааст.

- Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ дониста, ба саҳми эҳсосшавандаи он барои пешгирии муноқишаҳо, ҳалли буҳронҳо ва барқарорсозии баъдиҷангӣ, масъалаҳои экологӣ ва роҳандозии принсипҳои демократӣ баҳои баланд медиҳад. Инчунин, мо АП САҲА-ро воситаи муҳими ҳамкории бисёр­ҷониба дар арсаи байналмилалӣ баҳри пешбурди дипломатияи парламентӣ мешуморем, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Ҷонибҳо зикр карданд, ки бо дарназардошти авзои минтақа дар самти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи сарҳадот, таҳкими робитаҳо дар мавриди таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, масъалаҳои муҳити зист, рушди инсонӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.

Қайд гардид, ки баҳри пешбурди ҳамкориҳои байнипарламентӣ Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Риксдаг (парламент)-и Шоҳигарии Шветсия низ фаъолият менамояд.

Таъкид шуд, ки робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АП САҲА дар оянда тавсеа ёфта, ба манфиатҳои ҳар ду ҷониб анҷом хоҳанд кард.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон