Дар ҳошияи иҷлосияи 12-уми Парлумони байналмилалӣ оид ба таҳаммулгароӣ ва сулҳ мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) Мартин Чунгонг баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маҳмадтоир Зокирзода зимни вохӯрӣ Мартин Чунгонгро ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ