Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Мавлуд Човушоғлу

№39-40 (4301-4302) 30.03.2021

IMG_241729 марти соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу мулоқот намуд, ки дар он масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои парлумонӣ миёни ҳар ду кишвар баррасӣ гардид. 

Раиси Маҷлиси намояндагон ташрифи вазири корҳои хориҷии Туркия ва ҳайати ҳамроҳонашро ба шаҳри Душанбе хайра мақдам гуфта, ба ӯ дар баргузории Конфронси 9-уми вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» комёбиҳо таманно кард.

Маҳмадтоир Зокирзода баргузории конфронси мазкурро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки ба ҳам пайвастани вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари аъзои ин раванд ба ҳалли мушкилоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ ҳамчун муҳаррик нақши муҳим бозида, муносибати давлатҳои манфиатдорро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.

Зикр гардид, ки парламенти Тоҷикистон доимо дар талош аст, ки ҷиҳати густариши бештари ҳамкориҳо бо Маҷлиси Бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшад. Дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия аз соли 1998 гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис ёфта, ҳамкории онҳо аз соли 2000-ум фаъол гардидааст ва дар ин замина, ҳар сол вохӯриву мулоқотҳои судманд баргузор мегарданд.

- Мо аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Туркия қаноатмандем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки тав­сеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон қарор дорад, Дар заминаи тавсеаҳои сатҳи олии ҳар ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ таъсис ёфтааст, ки то ҳол 10 маротиба ҷаласаҳои он баргузор гардидаанд. Инчунин, то ба ҳол байни кишварҳо зиёда аз 70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расида, дар баррасии ҷонибҳо пешнависи 24 санади дигар низ қарор дорад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу низ мулоқотро барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карда, аз ҷумла, гуфт, ки Ҷумҳурии Туркия ҳамеша ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд дар ҳама соҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон