Сиюми январи соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд.
Дар он таъкид шуд, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба барқароранд. Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ амал менамояд. Сафари аъзои гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ҳар ду кишвар ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолият, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳои ҳар ду ҷониб ба тавсеаи ин раванд мусоидат намуд.
- Мо бо парлумонҳои зиёди кишварҳои дунё равобити хуби кориро ба роҳ мондаем. Аз таҷрибаи якдигар самаранок истифода мебарем. Парлумонҳо бозувони тавонои миллат ва давлатҳо мебошанд, ки дар густариши равобит нақши босазо доранд. Метавонем вобаста ба табодули ҳайатҳои байнипарлумонӣ, омӯзиши таҷрибаи якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судманд дошта бошем, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Аз он қаноатмандӣ шуд, ки то имрӯз байни Тоҷикистону Эрон беш аз 160 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст.
Механизми муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад. Маълум аст, ки дар замони муосир ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеи иқтисодию сармоягузорӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни кишварҳо маҳсуб меёбад.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандиашонро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлу таъкид намуданд.