Бисту дуюми августи соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои баӣнипарлумонии Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла парлумони касбии мамлакат, ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои баӣнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар фарҷоми мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода ба сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо орзу намуд.
Муҳамадато СУЛТОНОВ, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон