23 — юми августи соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ, пеш аз ҳама, Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҳамкориҳои хуб ва муносибатҳои дӯстона ба роҳ монда шудааст.
- Бо мақсади таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон таъсиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ яке аз аввалин иқдомҳои мо буд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.
Эътироф гардид, ки дар шароити тағйири босуръати вазъ дар арсаи ҷаҳонӣ муколамаи доимии созандаи байни кишварҳо дар платформаҳои гуногун аҳамияти хоса дорад.
- Сафарҳо дар сатҳи гуногун, ширкат дар чорабиниҳои марбут ба самти фаъолият, инчунин, муколамаи ошкоро оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ имкон медиҳанд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ таҳким ёбанд. Агар мо тавассути амалӣ намудани вохӯриҳои доимӣ дар сатҳи гуногун мубодилаи мутақобилаи таҷриба намуда, фаъолияти қонунгузориро муттаҳид ва ҳамоҳанг созем, он гоҳ дар тамоми соҳаҳо ба пешрафт ноил хоҳем гашт, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.
- Итминони комил дорам, ки шарикии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба манфиати давлатҳо, халқҳо ва тамоми минтақа бемайлон инкишоф хоҳад ёфт, — гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МН МОҶТ