Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Шавкат Мирзиёев

№ 19.04.2024

DSC_412419-уми апрели соли 2024 мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

 - Сатҳи равобити Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, ба хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, вобаста аст. Тӯли беш аз сӣ соли истиқлолияти давлатӣ кишварҳои мо дар ҳамкориҳои созандаи байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтанд.

Ҷониби Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, то муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ ба манфиати халқҳоямон ҳар чӣ бештар рушд ва густариш ёбанд.

 Ӯзбекистон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойгоҳҳои муҳимро ишғол мекунад ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон манфиатдорем, — иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода.

 Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоя­гузорӣ дар чаҳорчӯбаи кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ мешаванд. Равобити мавҷудаи байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекис­тон дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва судманд саҳми арзанда мегузорад.

 Мавриди зикр аст, ки заминаи ҳуқуқӣ байни Палатаи қонунгузории Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ ва Протокол дар бораи ваз­ъ­ият ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ташкил медиҳанд.

 Фаъол шудани гурӯҳҳои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ки дар парлумонҳои ҳар ду давлат таъсис ёфтаанд, инчунин, робитаҳои зич байни кумитаҳои дахлдор ҳам ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва ҳам ба рушди муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳанд кард.

 Вобаста ба тақвияти фаъолияти гурӯҳи дӯстӣ оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, бахусус дар заминаи равандҳои ҳамгироӣ ва мутаносибан пурратар истифода бурдани имконият­ҳои ҳамкории мутақобила ҳавасмандии ҳар ду ҷониб махсус таъкид гардид.

 - Маҷлиси намояндагон ҷонибдори ҳамкориҳои фаъоли мақомоти қонунгузории ҳар ду кишвар мебошад. Мубодилаи сафарҳо дар сатҳҳои гуногун, ширкат дар чорабиниҳо, инчунин, муколамаи ошкоро оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мо имкон медиҳанд, ки робитаҳои байнипарлумониамон таҳким ёбанд,- гуфт дар фарҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ.