8 августи соли равон сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба ноҳияҳои минтақаи Рашт аз вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод оғоз шуд. Суҳбат хеле самимона ва озод доир гардида, иштирокчиёни он баъд аз суханронии номбурда ба саволҳои хеш посух пайдо карданд.
Рӯзи дигар дар толори калони Қасри фарҳанги шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт вохӯрии Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолон ва аҳли зиёи ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Сангвор баргузор шуд. Вохӯриро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ ифтитоҳ карда, суханро ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дод.
- Бовар дорам, ки суҳбати имрӯзаи мо дар муҳити гарму самимӣ баргузор гардида, дар таҳкими пояҳои давлату давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар мусоидат хоҳад кард, — гуфт дар оғоз Маҳмадтоир Зокирзода.
Номбурда ба ҳозирин роҷеъ ба фаъолияти парламенти касбии мамлакат тӯли даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон маълумот дод.
- Вақте ки аксар ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар санадҳои меъёрию ҳуқуқиашон истиқлолияташонро расмӣ карда, ба таҷдиди давлати соҳибистиқлол ва мерос ситондану соҳибӣ кардани ҳақ талош мекарданд, дар Тоҷикистони тозаистиқлол ҳизбу ҳаракатҳои қудратхоҳу ҷоҳпараст, маҳалбозу моҷароҷӯ садди роҳи фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ гардида, бо истифода аз беҷуръатию камҳавсалагии роҳбарони сиёсии давр барои ба даст овардани зимоми давлатдорӣ дар заминаи амалҳои мунофиқонаву моҷароҷӯёна кӯшиш карданд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд: -Бо ташаббуси як зумра вакилони ҷасоратпеша, дар замоне ки пойтахти мамлакат макони ноамну таҳти назорати камонкашони неруҳои мухолиф қарор дошт, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд даъват шуд, ки бо қабул кардани қарорҳои тақдирсозаш иҷлосияи таърихӣ ном гирифт. Он аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда дорад. Маҳз бо интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди расидан ба сулҳу оштӣ ва гирифтани пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ шурӯъ шуд.
Дар баробари барқарор намудани сохти конститутсионӣ, инчунин ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа низ аз ҳадафҳои асосии иҷлосия буданд. Дар ҷараёни он бо ибтикор ва роҳнамоии бевоситаи Раиси Шӯрои Олии мамлакат самтҳои усули сиёсати сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва давлатсозӣ муайян шуд. Аз ин рӯ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ оғози таърихи босуботи навини мустақили тоҷикон дар охири садаи бист ба шумор меравад.
Зиндагӣ ва таҷрибаи ҳаёт дар таърихи навини тоҷикон собит сохт, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, агар дар ҳаёти сиёсии кишвар аз ҳодисаҳои муҳиму пурарзиши миллӣ бошад, ҳифзу нигоҳдошт ва таҳкиму гиромидошташ муҳимтар аз он аст. Инро мо дар мисоли фаъолияти Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида мекунем.
Қобили ёдоварист, ки ҳанӯз дар лаҳзаҳои нахустини дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шуданашон фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам».
Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ собит гардид, ки номбурда ба қавли хеш устуворанд.
Нотиқ, инчунин дар бораи рӯйдоди дигари муҳими таърихие, ки падидаи дигари замони соҳибистиқлолӣ мебошад, яъне қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари истифодаи таҷрибаи ғании эътирофшудаи байналмилалӣ ва низоми ҳуқуқии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, мутобиқ ба талаботу муносибатҳои воқеии рушди олами муосир роҳи пешрафтаи ҳуқуқэҷодкунии мамлакатро дар пайвастагӣ ва манфиатҳои миллӣ таҳия намуд. Бегуфтугӯ, дар саргаҳи раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Аз ҷумла, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, дар ҳаёти ҷамъиятии Ватанамон падидаҳои муҳим ба шумор мераванд, — иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суҳбат, инчунин, оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, тарбияи ҷавонон, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, истифодаи самараноки замин суҳбат кард.
Сипас, чанд нафар аз иштирокчиёни вохӯрӣ суханронӣ намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳояшон миннатдорӣ карда, дархосту пешниҳодҳои хешро ба самъи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»