Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Стив Дейнс

№144 (4884) 25.11.2024

DSC_490823-юми ноябри соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, узви Кумитаи сенат доир ба масоили захираҳои энергетикӣ ва табиӣ Стив Дейнс ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки Маҷлиси намояндагон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолона баромад мекунад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои кишварҳои дигар густариш медиҳад.

Гуфта шуд, ки тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 80 парлумони кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робита барқарор намуда, онҳоро рушд дода истодааст.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкории парлумонҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Сатторзода ва муовини сардори раёсати  робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Талабшоҳ Шарифзода иштирок намуданд.

www.parlament.tj

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ