30-юми сентябри соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ доктор Тавфиқ ибни Фавзон ар-Рабиъа мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар раванди ташаккул ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар нақши калидӣ ва таъсиргузор доранд.
- Робитаҳои қавии кишварҳоямон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми бародар ва муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Шоҳи Арабистони Саудӣ, маншаъ мегиранд, — иброз дошт М.Зокирзода. — Имрӯз имконоти амалӣ фароҳам аст, то сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ таъмин гардад. Тамоми воситаҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо бо назардошти манфиатҳои миллии ҳар ду кишвари бародар истифода намудан зарур аст.
Зикр гардид, ки дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ босамар фаъолият дорад. Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистон яке аз абзорҳои муҳими муносибатҳои ҳар ду кишвар маҳсуб мегарданд.
Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки «шахсан бо раиси Кумитаи дӯстии байнипарламентии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо мулоқот доштам. Дар мулоқот муносибатҳо ва ҳамкориҳо миёни ду кишвари бародар, ки бо назардошти манфиатҳои тарафайн густариш меёбанд, таъкид карда шуд».
Дар ҷараёни суҳбат, инчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ