Ҳабдаҳуми марти соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29 — уми январи соли 1992 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор намуд.
То ба имрӯз зиёда аз 80 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расида, дар баррасии ҷонибҳо ҳоло пешнависи 30 санади дигар қарор дорад.
Механизми ҳамкорӣ байни ҳар ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад. Нишасти нахустини он моҳи сентябри соли 2000-ум барпо шуда, то ин вақт ёздаҳ ҷаласаи он баргузор гардида, иҷлосияи навбатии он соли ҷорӣ дар назар аст.
Айни замон бештар аз 134 ширкати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд.
Дар Маҷлиси намояндагон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия фаъолияташро дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ мондааст.
Аз 12-ум то 15-уми октябри соли 2021 сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия доир гардид. Дар доираи ин сафар 13-уми октябри соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарияти воломақоми ин кишвар дидору гуфтугӯ дошт.
Аз он қаноатмандӣ шуд, ки дар сафари мазкур Протокол оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия ба имзо расид.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон