10-уми октябри соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки сафари Валентина Матвиенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, боз як далели рушди босуръати маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия мебошад.
- Мо ин сафарро ҳамчун тасдиқи таваҷҷуҳи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба таҳкими ҳамаҷонибаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамоем,- зикр намуд Маҳмадтоир Зокирзода. — Мо бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия робитаи байнипарлумонӣ дорем. Барои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ заминаи муносиби ҳуқуқӣ — Созишнома байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар бораи ҳамкории байнипарлумонӣ аз 14 декабри соли 2005, инчунин, Дастури Комиссияи байнипалатавии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2003 мавҷуд аст. Мулоқотҳои дуҷониба тақрибан ҳар сол, ҳам дар ҷараёни сафарҳои расмӣ ва кории ҷонибҳо ва ҳам дар ҳошияи ҷаласаҳою чорабиниҳои дигар дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ, Ассамблеяи парлумонии СААД баргузор мешуданд.
Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия таъкид намуд, ки «мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо шарики стратегии кишвари худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад».