4 июли соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон мулоқот намуд.
Ҷонибҳо нахуст аз 30 — солагии барпошавии муносибатҳои дипломатии байни кишварҳо, инчунин, раванди ташаккул ва густариши онҳо ёдоварӣ карда, иброз доштанд, ки механизми муҳими ҳамкорӣ байни ҳар ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мебошад, ки нишасти навбатии он соли ҷорӣ дар Душанбе дар назар дошта шудааст.
Зикр гардид, ки дар Маҷлиси намояндагон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ босамар фаъолият дошта, ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ яке аз абзорҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба маҳсуб мегардад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон