23 декабри соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд.
Зимни он қайд гардид, ки Ҷумҳурии Беларус дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол намуда, ҳар ду кишвар ба рушду таҳкими ҳамкории тарафайн манфиатдор мебошанд.
- Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои дӯстонаи сарони ҳар ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко барои рушди ҳамкориҳои мутақобила заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 90 шартномаю созишнома ба имзо расидаанд, ки имкон медиҳанд ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ бомуваффақият инкишоф ёбанд. Ҳуҷҷатҳои бунёдие, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунанд, Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории байни ҳар ду давлат, ки 5 апрели соли 2000 ба имзо расидааст ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 27 июни соли 2000 ба ҳисоб меравад, — ёдовар шуд Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Беларус асосан дар чаҳорчӯбаи кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис ёфт, муайян шудааст.
Зикр шуд, ки тақвияти робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Беларус самти дигари ҳамкориҳои босамари тарафҳо буда, солҳои охир густариш ёфта, ҷонибҳо ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо диққати хоса медиҳанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки табодули ҳайатҳо дар сатҳи роҳбарони парлумонҳо ва гурӯҳҳои дӯстӣ ба рушди ин самти ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон